Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҳамроҳхон Зарифӣ бо мақомоти аршади СММ


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк ба сар мебарад, масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказиро дар мулоқот бо раҳбари Маркази минтақаии дипломатияи пешгирикунандаи Созмони Милал, Мирослав Енч баррасӣ кард. Ба ғайр аз ин ӯ дар конфаронси вазирони умури хориҷии кишварҳои дар ҳоли рушд, ки роҳ баромади обӣ надоранд, ширкат ва суханронӣ намуд. Ҷаноби зарифӣ пешниҳод кард, ки монеаҳои тиҷорат, интиқоли молу коло, хадамот ва одамон бино бар барномае, ки дар Алмато тасвиб шудааст, барҳам дода шаванд. Баъд аз ин ҳамоиш вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар дидоре бо ноиби Дабири кулли Созмони Милал дар умури иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ша Тзукан раванди татбиқи барномаи “Ҳадафҳои Ҳазора” дар Тоҷикистонро баррасӣ намуд.
XS
SM
MD
LG