Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо дар Русия ба табодулаи Медведев--Путин


Сарварони сиёсӣ ва ҳатто калисои православи Русия ба хабари номзадии сарвазир Владимир Путин дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Русия вокуниш мекунанд. Раҳбари Чеченистон, Рамазон Қодиров аз ин эълон ҳамчун як “қадами оқилона” ситоиш кард ва Медведевро барои холӣ кардани курсӣ ба хотири Путин “ватандӯсти ҳақиқӣ” номид. Раиси Иттиҳоди санъатиён ва соҳибкорон Александр Шохин гуфт, эълон ба норӯшании давраи пешаинтихоботӣ хотима гузошт. Калисои православи Русия созиши интиқоли қудратро “осоишта, бошарафона, ростин ва дӯстона” унвон кард. Аммо раҳбари Ҳизби коммунисти Русия, Геннадий Зюганов гуфт, табодула ба вазъи ҳукумат, ки бе ин ҳам “бесалоҳиятӣ ва корношоямӣ”-и худро нишон додааст, таъсири андаке хоҳад дошт. Ва раҳбари ҷиноҳи ҳизби “Русияи одил” Сергей Миронов гуфт, ҳизбаш аз ҳеҷ номзади президентии ҳизби “Русияи воҳид” пуштибонӣ нахоҳад кард. Путинро Медведев дар анҷумани ҳизби ҳоким номзад эълон кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG