Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркишҳои пайдарпай дар шаҳри Карбалои Ироқ


Дар зиёратгоҳҳои шаҳри Карбалои Ироқ пайиҳам чанд таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа нӯҳ нафар кушта ва зиёда аз 90 тани дигар захмӣ шуданд. Ҷузъиёти инфиҷорҳо гузориш нашудааст, аммо хабар мерасад, ки яке аз бомбаҳо дар назди бинои маъмурие мунфаҷир шудааст, ки дар он ҷо шиноснома ва асноди ҳувият омода мегашт. Ҳеҷ кас ё гурӯҳе масъулияти таркишҳоро ба зимма нагирифтааст. Карбало шаҳри муқаддаси аҳли шиъа ба шумор рафта, дар гузашта ҳадафи хушунати тундравони суннимазҳаб қарор ёфтааст.
XS
SM
MD
LG