Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарифӣ иҷрои тарҳҳои минтақаии энержиро пешниҳод кард


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ҷаласаи вазирони умури берунаи ҷомеаи “Роҳи нави арбешим” дар Ню Йорк ширкат кард. Ин ҳамоиш бо ташаббуси вазирони умури хориҷии Олмон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида баргузор шудааст. Хабаргузории “Азия-Плюс” ба нақл аз бахши иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҷаноби Зарифӣ дар ин ҷаласа аз таҳкими ҳамкориҳои кишвараш бо Афғонистон сӯҳбат ва пуштибонии тарҳҳои минтақаии энержӣ ва нақлиётро пешниҳод намуд.
XS
SM
MD
LG