Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари фармондеҳи аршади Амрико ба Покистон


Фармондеҳи аршади ҳарбиёни Амрико дар ҳоле ба Покистон сафар кардааст, ки сардии равобит дар байни ду кишвар шиддати бештар касб мекунад. Сардори ситоди марказии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида, генерал Ҷеймс Маттис дар дидор бо ҳарбиёни аршади Покистон талош дорад, ин равобитро тармим кунад. Вай қарор аст, бо сарвари артиши Покистон, генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ мулоқот намояд. Муносибатҳои байни ду кишвар замоне тира шуд, ки мақомоти амрикоӣ хадамоти ҷосусии Покистонро масъули интиқоли хушунат ба Афғонистони ҳамсоя номиданд. Каёнӣ рӯзи ҷумъа ин иттиҳомотро беасос номид.
XS
SM
MD
LG