Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори бунёди чанд реактори нави ҳастаӣ шуд


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, ҳукуматаш бо Русия сари бунёди реакторҳои нави ҳастаӣ дар ҳоли гуфтушунид аст. Нерӯгоҳи Бушер, ки бо харҷи 1 миллиард доллар аз тарафи Русия сохта шуд, аввали сентябр ба кор сар кард. Дар нишасте дар Ню Йорк, ки Аҳмадинажод барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ин ҷо омадааст, вай гуфт, Эрон бар изофаи 1000 мегаватте, ки ҳоло Бушер медиҳад, ба 19000 мегаватт нерӯи барқ ниёз дорад. Аҳмадинажод аз равобити кишвараш бо Русия ситоиш кард.
XS
SM
MD
LG