Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хомӯшии қалбе, ки барои Тоҷикистон низ метапид


Бурҳонуддини Раббонӣ

Бурҳонуддини Раббонӣ

Симои ин ҳафта Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон аст, ки рӯзи 20-уми сентябр террор шуд.

Ин ҳодиса вокуниши ҷаҳониро дар пай дошт. Шахсиятҳои саршинос ва ниҳодҳои муқтадири ҷаҳон аз раиси ҷумҳури Амрико то Шӯрои амнияти СММ ин амали террористиро маҳкум намуданд.

Бурҳониддини Раббонӣ шахсияте буд, ки ба андозаи кишвари худаш дар Тоҷикистон низ ба унвони як пешвои мазҳабӣ ва сиёсӣ эътироф шуда буд. Эътибори Профессор Раббонӣ дар Тоҷикистон баъди он, ки ҷонибҳои даргири Тоҷикистонро ба мувофиқа ва ризояти миллӣ ташвиқ ва водор намуд, бештар ва собит шуд.

АЗ ДЕҲАИ КӮЧАК ТО АРШИ РАЁСАТ

Бурҳониддини Раббонӣ, профессори илоҳиёт, раҳбари ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ва муқовимат алайҳи Толибон дар Афғонистон, раиси ҷумҳури собиқи Давлати исломии Афғонистон дар 20-уми сентябри соли 1940 дар ноҳияи Афтали вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст. Ӯ

аввал Донишгоҳи Кобулро хатм намуд ва баъдан дар соли 1968 аз Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср дар риштаи фалсафаи исломӣ фавқуллисонс гирифт.

Раббонӣ дар ҳамон сол ба Афғонистон баргашт ва ба тадрис дар Донишгоҳи Кобул пардохт. Раббонӣ ҳамзамон ба яке аз фаъолони сиёсӣ табдил шуд ва дар соли 1971 ҳизби Ҷамъияти Исломиро бунёдгузорӣ кард. Ҳизбе, ки фароз ва фурудҳои зиёдеро дар солҳои ҷанги дохилии Афғонистон таҷриба кард ва то кунун муқтадиртарин ташаккули саҳнаи сиёсии Афғонистон ба шумор меравад. Ва Бурҳониддини Раббонӣ то дами маргаш раҳбарии ин ҳизбро бар ӯҳда дошт.

ДАР САНГАРИ ҶИҲОД ВА МУҚОВИМАТ

Пас аз кудатои Муҳаммад Довудхон алайҳи Зоҳиршоҳ ва эҷоди низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон, оқои Раббонӣ ба Покистон рафт ва созмондиҳии ҳамалоти мусаллаҳона алайҳи давлати Довудхонро шурӯъ кард.

Аммо ӯ пас аз ишғоли Афғонистон аз сӯи Шӯравии собиқ ба шӯҳрат расид ва дар ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ саҳм гирифт. То

замоне, ки раҳбарии ҳайати музокиракунандаи ҳукумати муҷоҳиддин дар Кремлро бар дӯш дошт ва Маскав зимни ин мулоқот тааҳҳуд кард, ки кӯмакҳои худ ба ҳукумати Наҷибуллоро дар Кобул қатъ мекунад.

Дар моҳи июни соли 1992 баъди пирӯзии муҷоҳиддин ва барои як давраи чормоҳа бар асоси тавофуқи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ Бурҳониддини Раббонӣ, раиси Давлати исломии Афғонистон мансуб шуд. Дар моҳи декабри ҳамон сол Шӯрои аҳли ҳаллу ақд ӯро барои 18 моҳи дигар раиси давлат интихоб намуд.



Аммо ҷангҳои дохилӣ ҳамчунон боис шуд, ки профессор Раббонӣ аз мақоми худ канор наравад. Ва камокон то соли 2001 ҳамчунон раҳбари расмии давлати Афғонистон боқӣ монд. Бо вуҷуди он, ки Кобул дар дасти Толибон қарор дошт.

УСТОД РАББОНӢ- МАРДИ СУЛҲ

Бурҳониддини Раббонӣ ҷонибҳои даргири ҷанги Тоҷикистонро ба сулҳ ташвиқ мекард. Ва ҳатто ба гуфтаи бархе аз раҳбарони собиқи мухолифин ва давлат, созишномаи сулҳи Хусдеҳ дар соли 1996, ки амалан ба ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон поён дод, таҳти фишори мустақими ӯ ба имзои тарафҳо расида буд.

Бурҳониддини Раббонӣ дар 21-уми декабри соли 2001

қудрати сиёсиро дар Афғонистон ба Ҳомиди Карзай, ки аз сӯи Конфронси Бонн раиси ҳукумати муваққат интихоб шуда буд, таҳвил дод. Аммо ҳамчунон қудратманд ва шахсияти муҳим дар он кишвар боқӣ монд.

ОЯНДАИ НОРӮШАНИ СУЛҲ ДАР АФҒОНИСТОН

Коршиносон мегӯянд, бо кушта шудани Бурҳониддини Раббонӣ, ки раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон буд, барномаи сулҳ низ дар ин кишвар таҳти суоли бузург қарор гирифта ва нигарониҳо аз афзоиши хушунат ва ҳатто даргириҳои густардатар бештар шудааст. Зеро то кунун ин Толибон буданд, ки тарҳи пешниҳодии сулҳро рад мекарданд. Аммо акнун раҳбарони Ҷабҳаи шимоли собиқ низ, баъди террори раҳбари худ мегӯянд, дигар ҳар гуна музокира бо Толибонро беҳуда ва сарфи вақт медонанд.

Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқ, ки ҳамчунон қудратмандатин шахсияти сиёсӣ дар кишвар боқӣ монда буд, ахиран Ҷиргаи сулҳи Афғонистонро раҳбарӣ кард ва баъдан ба унвони раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар маҳсуб шуд. Аксари пайравону ҳамроҳони устод Раббонӣ ба ин иқдоми ӯ, ки масъулияти раҳбари барномаи ҷалби Толибонро бар ӯҳда гирифт, розӣ набуданд. Зеро муваффақияти сулҳ ва бовари Толибон ба оштиро номумкин медонанд.



Доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, аз пайравони Бурҳониддини Раббонӣ, ки вазири умури хориҷӣ дар ҳукумати ӯ буд ва баъдан ҳам номзади раёсати ҷумҳурии Афғонистон, акнун террори раҳбари худро зоъеаи ҷуброннопазир барои миллати Афғонистон медонанд ва мегӯяд, ғалат аст пурсида шавад, ки чӣ касе ҷойгузини устод Раббонӣ хоҳад шуд, зеро бидуни
Доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ

тардид касе ҷоий ӯро пур нахоҳад кард. Ба бовари доктор Абдуллоҳ, терррори Бурҳониддини Раббонӣ посухи Толибон ба бовари ӯ барои сулҳ буд. Яъне ӯ гуфтушунид бо Толибонро ба ин шева ғалат медонад. Оқои Абдулло мегӯяд: «Панҷоҳ сол аз зиндагияшро дар мубориза гузаронида буд ва то охирин лаҳзаи зиндагияш ба хотири сулҳ кор мекард. Мутаассифона аз тарафи душмане, ки душмани сулҳ ва Афғонистон аст, ин хуни пок имрӯз рехта шуд. Устоди шаҳид масъули пешбурди барномаи сулҳ ва буд ва ҳамин паёмро аз Толибон гирифт, ки он хислату хосияти торики ин гурӯҳро нишон медиҳад».

МУҚОВИМАТИ ДИГАРЕ АЛАЙҲИ ТОЛИБОН?


Дар ҳамин ҳол, Ато Муҳаммади Нур, волии қудратманди вилояти Балх ва аз пайравони Ҷамъияти исломии Афғонистон мегӯяд, ки Бурҳониддини Раббонӣ раҳбари ҷиҳод ва муқовимате буд, ки ҳамчунон салобату нуфуз, инчунин самимияту муҳаббати мардумиро бо худ ҳифз карда буд ва як шахсияти бебадал дар Афғонистони муосир буданд. Ба гуфтаи Ато Муҳаммади Нур, қатли Бурҳониддини Раббонӣ авзоъро дар Афғонистон печида мекунад ва барномаи сулҳро ба кӯчаи сарбаста мебарад. Сулҳе, ки бидуни ин ҳам Толибон ба қавли Нур ба он бовар надоштанд.



Аммо акнун ҷонибдорони Ҷабҳаи шимол ҳам дигар ба ин тарҳ бо назари шубҳа менигаранд, балки онро бефоида медонанд ва боварашон ба тақвияти мубориза бо Толибон ва ё оғози муқовимати дуввуми мардумии Шимол бештар мешавад. Ато Муҳаммади Нур мегӯяд: «Натанҳо ин, ки
Атомуҳмаддади Нур, волии Балх

шаҳодати устод вазъияти сулҳро бадтар месозад, ҳамаи мо ин назарро дорем, ки бо инҳо аз дари сулҳ дигар музокира ва муфоҳима натиҷа намедиҳад. Барое он, ки инҳо ҳамаро, ҳам занро ва ҳам муаллимро, ҳам масҷидро мунфаҷир мекунанд ва ҳам бозорро, ба раҳбар ҳам раҳм намекунанд ва ба касоне ҳам, ки бо онҳо дасти сулҳ дароз мекунанд».

Аммо чаро бо ин ҳама вуҷуд Бурҳониддин Раббонӣ буд, ки чиҳил соли охири зиндагии худро сарфи мубориза бо режими Довуд, ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ва муқовимат бо Толибон карда буд, ахиран масъулияти сулҳ дар кишварро бар дӯш гирифт. Ӯ бовараш ба сулҳ буд. Ӯ мегӯяд, ҳадафаш ҷилавгирӣ аз густариши дубораи ҷанги дохилии саросари ба кишвар ва бозгашт ба даҳаи навади асри гузашта дар Афғонистон буд.

Бурҳониддини Раббонӣ гуфта буд: «Ман мехоҳам барои шумо бигӯям, ташвиши мо ин аст, ки агар ҳамин ҳоло музокирот барои сулҳ сурат нагирад, метарсем, ки як вақте хориҷиҳо Афғонистонро тарк бигӯянд, як вақте мо бимонему Толибон ва ба як ҷанги хунини дигар рӯбарӯ шавем. Ин тарсу ташвиш вуҷуд дорд. Лиҳозо мо бояд касонеро пайдо кунем дар сафи Толибон, ки бигӯем, шумо чи кор мекунед? Нашавад, ки хориҷиҳо бираванд ва мову шумо мисли собиқ ба ҷанг оғоз кунем».

УСТОД РАББОНӢ АЗ ЗОВИЯИ ДИГАР...

Аммо бо вуҷуди сулҳписандӣ, нармӣ ва садоқати Раббонӣ ба Афғонистон ва бо вуҷуде, ки ба унвони як раҳбари мутанаффиз ва як донишманди исломӣ эътироф шудааст, назарҳо роҷеъ ба фаъолияти ӯ дар он кишвар яксону якнавохт нестанд. Зеро шиддати ҷангҳои дохилӣ дар Афғонистон ва ба вайрона табдил шудани бархе шаҳрҳо бар сари даргирии гурӯҳҳои ба ҳам рақиб дар замони ҳукумати ӯ ба вуқӯъ пайваста буд. Аз ҷумла гӯшаҳое аз Кобул-пойтахти Афғонистон дар соли 1992 ва 93 бар асари ҷанги нерӯҳои Ҳикматёр ва Раббонӣ ба хароба табдил шуд.

Албатта истидлоли ҷонибдорони Раббонӣ ин аст, ки аз мардуми Кобул дифоъ кардаанд. Аммо чӣ дифоъе, ки пардохти гарон дошт. Бархе ҳам ӯро муттаҳам мекунанд, ки
Осори вайронаҳои Кобул ҳанӯз машҳуд аст

дар тобистони соли 1992 барои чор моҳ қудратро ба даст гирифт, вале дигар онро аз даст надод. Ва ин хилофи тааҳҳуди танзимҳои ҷиҳодӣ буд, ки бояд то интихоботи умумӣ ба сурати даврӣ раҳбариро бар дӯш мегирифтанд.

Аммо Бурҳониддини Раббонӣ, дар моҳи декабири соли 1992, баъди хатми замони чормоҳаи раёсати худ бо даъвати Шӯрои ришсафедону пешвоёни мазҳабӣ замони раёсати худро 18 моҳи дигар тамдид кард. Дар соли 1994 низ дар Ҳирот Шӯрое барои табдили раҳбарии Афғонистон гирди ҳам омад, аммо боз ҳам Раббонӣ дар сари ҷои худ монд. Аммо бо ин ҳама вуҷуд ӯ собит кард, ки шахсияти бебадал дар ҷойгоҳи худаш аст. Ба ин далел аст, ки акнун баҳси сулҳи Афғонистон як сӯ, ва баҳси ҷойгузини Бурҳониддини Раббонӣ дар Ҷамъияти исломӣ аз сӯи дигар доғ шудааст.

РАББОНӢ АЗИЗИ ТОҶИКИСТОНИЁН

Аммо нигоҳ ба шахсияти Бурҳониддини Раббонӣ дар Тоҷикистон ба гунаи дигар ва бештар якнавохт аст. Раббонӣ дар Тоҷикистон ба унвони як пири мазҳабӣ, як пешвои сиёсӣ ва як раҳбаре, ки ба муҳоҷирони тоҷик кӯмаку ҳамдастӣ кардааст, шинохта ва эътироф шудааст. Хоса дар миёни аҳли зиё, донишмандон ва фарҳангиёни Тоҷикистон Бурҳониддини Раббонӣ аз эътибори фавқуллодае бархӯрдор аст.



Ин эътибор ва шӯҳрати ӯ дар Тоҷикистон ба сурати табиӣ шакл гирифтааст. Доираҳои хос ба номи Бурҳониддини Раббонӣ хеле қабл аз ба қудрат расидани ӯ ошно буданд.

Аммо барои ҷомеъаи Тоҷикистон вақте ин ном барқосо ошно шуд, ки дар баҳори соли 1992 ба қудрати сиёсӣ дар Кобул даст ёфт. Далели шӯҳрати ӯ дар Тоҷикистон тоҷик будани ӯ буд. Чун тоҷикон бовар доранд, ки баъди суқути Сомониён дигар давлате дар таърих надоштаанд, ба қудрат расидани як ҳамқавми худро ҳатто дар хориҷ аз Тоҷикистон ба хушҳолӣ пазируфтанд.

"ТОҶИК БЕПУШТУПАНОҲ МОНД"

Вақте, ки дар соли 1992 Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон дар раъси ҳайате ба табрики Раббонӣ ба Кобул рафт, ҳанӯз шинохти комиле аз ӯ надошт ва пеш аз ҳама ба табрики як ҳамсоя ва ҳамхуни худ мерафт. Ин аммо акнун бо гузашти 20 сол аз он рӯз ва бо қатли Бурҳониддин Раббонӣ мегӯяд, ки қатли Раббонӣ тоҷиконро бе саробон ё бепуштупаноҳ монд. Ӯ мегӯяд, кушта шудани Раббонӣ на танҳо барои Афғонистон, балки барои Тоҷикистон низ талафоти бузург аст.

Оқои Искандаров, сарпарасти вақти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Ман аз ин ҳодиса ба шиддат мутаассир ва мутаассифам. Мо вақте, ки дар соли 1992 аввалин бор ба мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон интихоб шуд, ба табрики ӯ рафтем. Дар он ҳайат Акбар Мирзоев, сарвазири вақти Тоҷикистон ва вазирони зиёде ҳамроҳ буданд. Танҳо чизе, ки ӯ аз мо хоҳиш карда буд, ин буд, ки гуфт, тамоми корро бикунед, ки дар паҳлӯи ҳам бошед, бо мухолифони худатон созиш кунед, забон биёбед, ки худое нахоста даргириҳо густариш наёбанд ва ба балои азиме Тоҷикистон гирифтор нашавад. Вақте шунид, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон силоҳ ва маводи мухаддир интиқол мешавад, хеле нороҳат шуд ва нигарон шуд. Мо аз ӯ хоҳиш кардем, ки пеши роҳи ҳамин
Акбаршоҳ Искандаров

қочоқ гирифта шавад. Ва баъдан бисёр бо ҳам ҳамкорӣ мекардем. Аз ман чанд маротиба барои ҳалли бархе масоил хоҳиш мекард. Ман бо фиристодаи махсуси ӯ борҳо ба хориҷ ва ба Русия барои ҳалли масъалаҳо бо хоҳиши ӯ сафар намуда будам. Дар ҳалли баъзе мушкилиҳо ба ӯ кӯмак кардам. Умуман шаҳодати ӯ барои милати тоҷик талафоти бузург аст. Дуввум ин, ки вазифаи ӯро дар Афғонистон каси дигар иҷро карда наметавонад. Ман фикр мекунам, ки сарнавишти сулҳ ва сарнавишти тамоми Афғонистон зери суол қарор гирифтааст».

Зимни ин сафар созишнома дар бораи барқарории муносибатҳои дипломатии ду ҷониба ба имзо расид. Ин нахустин сафари баландпоятарин мақомдорони Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳамаи тӯли таърихи мавҷудияти ду кишвар буд.

Акбаршо Искандаров баъдан агарчанд аз мақомҳои раҳбари ҷумҳурӣ карор рафт, аммо мегӯяд дар чандин барнома ба Бурҳониддини Раббонӣ кӯмак кардааст. Аз ҷумла, дар масоили ҷалби бархе маҳофил ва мақомоти Русия ва кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ барои кӯмак ба Ҷабҳаи шимоли мухолифи Толибон, барномаҳои иқтисодӣ.

ПУШТИБОНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Шиддати ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва ба қудрат расидани Фронти халқӣ дар моҳи ноябри соли 1992 боиси овора ва гуреза шудани бештар аз сад ҳазор тоҷик ба Афғонистон шуд. Аммо онҳое, ки бо умед ба қудрат расидани Раббониро дар шаш моҳи пеш дар Тоҷикистон таҷлил мекарданд, дар воқеъ ноумед нашуданд.

Нахустин кӯмаки Раббонӣ ба муҳоҷирон ноне буд, ки чархболҳои генерал Мӯъмин барои гурезаҳои ҷазираҳои моварои Панҷ рехтанд ва қисме аз ин муҳоҷиронро аз ҳамлаи гурӯҳҳои Фронти халқӣ наҷот ҳам доданд. Ҳамин тавр ҳудуди
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

панҷ сол даҳҳо ҳазор гурезаву овораи тоҷик дар Афғонистон паноҳгоҳ ёфт. Ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ, бо вуҷуде, ки худ дар вазъияти сахти иқтисодӣ ва ҷанг қарор дошт, аз ҳеҷ кӯмаке ба муҳоҷирони тоҷик дареғ наварзид.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, аз раҳбарони муҳими ИНОТ мегӯяд: «Дар ҳақиқат хидматҳои устод бузург буд барои мо – муҳоҷирони Тоҷикистон дар Афғонистон. Бисёр ба муҳоҷирон аз ҷиҳати таъмини ғизо ва ҷои зист кӯмак карданд. Ҳамчунин, барои ҳарчӣ зудтар қатъ шудани ҷанги тоҷикон ва бозгашти муҳоҷирон ба ватан низ хидматҳои зиёде намуданд».

ҚАЛБЕ, КИ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ҲАМ МЕТАПИД...


Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ва Муҳиддини Кабирӣ дар баёнияҳои тасаллияти худ роҷеъ ба мулоқоти ахири худ бо Бурҳониддини Раббонӣ ёдовар шудаанд. Ин мулоқоти онҳо дар ҳошияи Конфронси бедории исломӣ дар Теҳрон ду рӯз қабл аз террори Раббонӣ сурат гирифтааст. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ҳамоно Раббонӣ бо вуҷуди серкорӣ ва маъулияти бузурге, ки бар дӯш дорад ба қазоёи Тоҷикистон меандешид ва нигарон буд.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд: «Соат ёздаҳи шаб рӯзи 18 сентябр ёвари устод дар меҳмонхонаи Теҳрон назди ман омаданд ва гуфтанд, ки устод мехоҳад ба назди ӯ биравед ва бо шумо сӯҳбат кунанд. Рафтем ва то соати 1 сӯҳбат кардем, аз Тоҷикистон хеле пурсиданд. Аз вазъи Тоҷикистон, аз ҷумла аз ин қонуни масъулияти падару модар хеле изҳори нигаронӣ карданд ва гуфтанд, ки чаро пешгирӣ накардед. Шӯхӣ кардам, ки охир ҳарфамонро гӯш намекунанд. Хулласи калом гуфтанд, ки ба зудӣ Тоҷикистон меравад ва бо ҷаноби раиси ҷумҳур ҳам дар ин бора сӯҳбат мекунад. Ва ҳамин тавр ваъда ҳам дода буданд Устод».

Гуфтанист, дар ду моҳи пеш низ Бурҳониддин Раббонӣ тавассути паёме, ки рӯзномаи «Миллат» онро мунташир карда буд, аз авзоъ ва ояндаи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфта буд, ки аз тариқҳои гуногун иттилоъ мегиранд, ки доираҳое дар қасди ноором кардани авзъои Тоҷикистон ҳастанд. Ва давлати Тоҷикистон бояд ҳамаи гурӯҳҳоро дар давру бари худ дошта бошад. Ва аз фишор ба мухолифон ва гурӯҳҳои исломӣ худдорӣ кунад.

ДАР НАҚШИ ЯК ПИР ВА РАҲБАР...

Бурҳониддини Раббонӣ танҳо шахсият ва шаҳрванди хориҷие буд, ки бар асоси муқаррарот ҳар боре, ки вориди хоки Тоҷикистон мешуд, сарфи назар аз ҳадафи сафари ӯ, бояд бо сафороии Горди фахрӣ ва оҳанги низомӣ аз ӯ истиқболи расмӣ сурат мегирифт. Зеро Бурҳониддини Раббонӣ нахустин раҳбари давлати хориҷие буд, ки Горди ифтихории Тоҷикистон ӯро истиқбол карда ва ба ифтихори сафараш ба Душанбе саф ороста буд.

Вале ӯ ҳаргиз баъди соли 2003 аз ин имтиёзи худ истифода накард, яъне сафаре ба Тоҷикистон надошт. Сафари нахустини президент Раббонӣ ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 1993 сурат гирифта буд. Бурҳониддини

Раббонӣ дар таҳаввули фикрии раҳбарони Тоҷикистон ва ба самти миллӣ ва исломӣ савқ додани ин раҳбарони дар гузашта коммунисти Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Аз ин ҷост, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар номаи тасаллиятии худ Бурҳониддини Раббониро Устод ва шахсияти бузурги таърихи муосири ҷаҳон унвон карда ва гуфтааст, қатли ӯро бо даҳшату ғазаб дарёфтааст.

Ва ҳақиқати дигар ин аст, ки номи Раббонӣ ба пушти садҳо Бурҳониддини тоҷик изофа шудааст. Ҳар, ки дар Тоҷикистон Бурҳониддин ном дошт, акнун беихтиёр Раббонӣ низ хитоб мешавад. Аммо акнун нигаронӣ ва суоли аслӣ ин аст, ки оё Раббоние дигар ҷойгузини Устод хоҳад шуд? Ва оё марҳилаи дигаре дар таърихи Афғонистон ва минтақа оғоз хоҳад шуд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG