Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ берақиб раиси ҲНИТ интихоб шуд


Муҳиддин Кабирӣ барои боз як давраи дигар раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон интихоб шуд.

Садҳо вакили Анҷумани 9-уми ҲНИТ дар ҳузури меҳмонони хориҷӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ Муҳиддин Кабириро бо аксарияти оро барои боз як давраи дигар ба раҳбарии ин ҳизб пазируфтанд.

ИНТИХОБИ БЕРАҚИБИ КАБИРӢ

Худи Муҳиддин Кабирӣ, баъд аз он ки бидуни рақиб ё номзади алтернативӣ ва бо раъйи мусбати ҳамаи 258 вакили анҷуман аз нав раиси ҳизб интихоб шуд, раъйдиҳиро на "интихоб", балки "таъйинот" унвон кард. Аммо инро як қадами ҳадафмандона ва ҳаққи аъзои анҷуман номид.

Вай гуфт: "Ин бахшиши шумо буд, вакилони мӯҳтарам, гузаштагӣ ва ҳимматбаландии шумо буд, ки тамоми камбудиҳои моро тайи чаҳор соли гузашта афв кардед, ва бори дигар моро ба ҳайси бародари худ, на интихоб, балки таъйин кардед. Воқеан, мо инро таъйинот меҳисобем."

Интихоб ё "таъйин"-и Кабирӣ?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00
Линки мустақим


“Таъинот”, ба гуфтаи оқои Кабирӣ дар ҳоле иттифоқ афтод, интизор мерафт дар паҳлӯи Кабирӣ номзад ё номзадҳои дигаре низ ба саҳна хоҳанд баромад ва интихобот бо рақобатҳову баҳсҳо ҷараён хоҳад гирифт.

Аммо ҳанӯз аз суханронии вакилони анҷуман ва масъулони ҳизб ин гуна падидор мешуд, ки касе намехоҳад ё наметавонад ба вуҷуди камбудиҳо дар фаъолияти Кабирӣ ҳамчун сардори ҳизб ва вакили мардумие, ки дар парлумони кишвар аз ин ҳизб намояндагӣ мекунад, ишора намояд. Бино бар маълумоти дарёфтӣ, як рӯз қабл аз анҷумани ҳизб ҷаласаи 59 узви раёсати ҲНИТ бидуни ширкати Муҳиддин Кабирӣ дар паси дарҳои баста сурат гирифтааст, ки ба қавли намоянадагони ин ҳизб дар он танҳо номзадии Кабирӣ баррасӣ ва пешниҳод шудаааст.

ИНТИҚОДИ ТӮРАҶОНЗОДА АЗ ШЕВАИ ИНТИХОБ

Баъд аз анҷоми интихоботи раиси ҳизб ва ба ҳайси меҳмони ифтихории анҷуман, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфт, ки ҷараёни интихобот бидуни рақобат ва бе назардошти арзишҳои демократӣ сурат гирифт, ки хоси ҳамчунин як ҳизби бонуфузи сиёсӣ намебошад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик
Вай афзуд: "Аммо ман нашунидам, ки дар ҷаласаи раёсати ҳизб чанд нафар ба ҳайси раиси ҳизб дар ин интихобот пешинҳод шуд. Агар ягон нафари дигар ғайри ҷаноби Кабирӣ пешниҳод нашуда бошад пас ин воқеан камбуди ҲНИТ аст, ки тайи чаҳор сол натавонистааст даҳҳо нафари дигареро мисли Кабирӣ ба воя расонида бошад. Бояд ҳизби сиёсии исломӣ дар қиёс бо ҳизбҳои дигари сиёсӣ намуна бошад. Чуноне баъзе ҳизбҳои дигар дар бораи лидерашон ончунон сӯҳбат мекунанд, ки гӯё нони хоидаашонро бе кӯмаки раисашон фурӯ бурда наметавонанд. Хулоса ман умедворам, ки дар анҷумани ояндаи ҳизб ин камбудиро ҲНИТ рафъ хоҳад кард."

Бо вуҷуди он, ки вакилони анҷуман ба номзадии беалтернативаи оқои Кабирӣ ҳамагӣ раъй доданд, аммо вақте ҷаноби Тураҷонзода ин ҳарфҳоро мезад дар гӯшаҳои толор баъзе аз аъзои ҳизб садо баланд мекарданд ва аз ин ҳарфҳо пӯштибонӣ мекарданд.

"ДАР МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА МАНОФЕИ МИЛЛӢ ДАР КАНОРИ ҲУКУМАТЕМ"

Аммо дар мавриди сиёсатҳои ҲНИТдар баробари таҳаввулоти кишвар, минтақа ва ҷаҳон низ эълон шуд, ки набояд интизори чархиши куллие буд. Оқои Кабирӣ гуфт, ҳизб дар мавзеи мухолифат қарор хоҳад дошт, аммо дар масъалаҳои марбут ба манофеи миллат ва давлат дар канори ҳукумат қарор хоҳад гирифт.

Муҳиддин Кабирӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро мисол овард, ки аз баски дар он манофеи саросарии миллӣ дида мешавад, ҲНИТ ҳатто бештар аз ҳизби президент дар он саҳм гузоштааст. Аммо дар мавриди Қонуни масъулияти падару модар ва чанд иқдоми мақомоти ҳукумат, ки арзишҳои диниро дар кишвар маҳдуд мекунад, мухолифати ҷиддӣ нишон додааст: «ҲНИТ некро нек хоҳад донист ва иштибоҳро иштибоҳ хоҳад гуфт».

Ҳизби ҳокими Халқӣ демократии Тоҷикистон анҷумани ҲНИТ-ро истиқбол намуд ва нақши онро дар рушди фарҳангу арзишҳои исломӣ муҳим донист.



Намояндаи ин ҳизб Асрор Латифӣ, ки дар анҷуман расман ширкат дошт аз ҷумла чунин гуфт: «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон чун дигар аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеаи мо мақоми худро дошта дар рушди фарҳанги исломии мардуми Тоҷикистон, таҳкими маънавиёти миллати тоҷик, тарғиби арзишҳои башарӣ ва пешгирии равандҳои номатлуби ҷомеа нақши арзандаи худро касб намудааст.»

Оқои Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло доираи фаъолияти ин ҳизб аз Тоҷикистон берунтар рафта дар минтақа ва дар кишварҳои Шӯравии пешин тарафдор ва аъзои худро дорад. Ахиран аъзои ҲНИТ дар як рӯз 32 ҳазор доллар барои мусалмонони Фаластин ҷамъоварӣ карда ирсол доштанд.

Ҳайдар Ҷамол
Яке аз асосгузорони Ҳизби исломӣ дар замони Шӯравӣ Ҳайдар Ҷамол, ки аз исломшиносони бонуфузи Русия шумурда мешавад гуфт, дар шароити ҷаҳонии бедории ислом ҲНИТ бояд масъулияти ҷиддӣ дошта бошад: "Мо имрӯз шоҳиди бедории исломӣ ҳастем, ки ҳамзамон бо бӯҳроне рӯ ба рӯ аст, ки аз тарафи гурӯҳҳои роҳбарикунандаи ҷаҳони куфр эҷод шудааст. Чаро ҷаҳони куфр бо ислом созиш намекунад, зеро он талаберо, ки ҷаҳони куфр дар амри пешрафти башар пешниҳод мекунад мухолиф ба арзишҳои инсонӣ буда ба ҷаҳони ислом рост намеояд. Аз ин рӯ дар шароити имрӯзи бедории исломӣ, нақши ҲНИТ бисёр муҳим буда ҳатто мешавад онро ҳамчун як мактаби бедории исломӣ унвон кард."

Дар анҷумани ҲНИТ дар канори меҳмонон аз Русия, ҳамчунин исломшиносон ва коршиносону намояндагони аҳзоби исломӣ аз кишварҳои дигар ба мисли Мисру Малайзия, Ирону Афғонистон ширкат доштанд.

ҲНИТ дар пеши назари ҳозирон кӯшиш менамуд суфуфи худро ҷавонтар ва модернтар аз пеш нишон диҳад. Баргардонҳои ҷаласи ҳизб ва вакилону аъзои он аксар бо либоси аврупоӣ, бидуни риш ва бо галстук дар минбарҳо зоҳир мешуданд.

Зимнан бархе аз аъзои раёсати ҲНИТ дар интихоботи имрӯз иваз шудаанд, вале дар мавриди онҳое, ки тоза узви раёсат шуданд, хабар дода нашуд.
XS
SM
MD
LG