Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” боз пешсаф шуд


Бегоҳи 23-юми сентябр бозиҳои даври 31-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

«Гвардия» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – 1:1
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1: 0
ССКА «Помир” (Душанбе) - “Шодмон» (Ҳисор) – 1:0
«Равшан» (Кӯлоб) - «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Равшан" 27 20 2 5 50-23 62
2. "Регар-ТадАЗ" 26 19 3 4 64-20 60
3. Истиқлол” 21 18 1 2 59-12 55
4. "Хайр" 27 15 3 9 54-27 48
5. “Энергетик” 27 13 3 11 49-42 42
6. ССКА “Помир” 26 13 1 12 48-45 40
7. "Хуҷанд" 27 10 4 13 37-49 34
8. "Вахш" 26 9 2 15 25-32 29
9. “Парвоз” 27 7 4 16 28-52 25
10. “Шодмон” 28 5 2 21 27-71 17
11. вардия" 28 2 3 23 23-91 9

Даври 32-юм
9-уми октябр (якшанбе)


«Истиқлол» - «Гвардия»
«Регар-ТадАЗ» - «Хайр»
«Энергетик» - ССКА «Помир»
«Хуҷанд» - «Вахш»

10-уми октябр (душанбе)

«Парвоз» - «Равшан»

Оғози бозиҳо – соати 15:00

ҲАМЧУНИН, Фератсиюни футболи кишвар тақвими бозиҳои чаҳорякниҳоӣ ва ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе - “Энергетик”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа - “Хайр”-и Ваҳдат 27-уми сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 30-юми сентябр баргузор хоҳанд шуд.

Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ 3-юми октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 6-уми октябр барпо мегарданд.

Барои роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ “Истиқлол”-и Душанбе бо ғолиби ҷуфти ССКА “Помир” - “Энергетик” ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ғолиби ҷуфти “Вахш” - “Хайр” рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG