Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони хашмгин чанд ресторани Бокуро бастанд


Ҳудуди 300 нафар аз сокинон як маҳаллаи Боку, пойтахти Озарбойҷон аз он ба хашм омадаанд, ки гӯё ресторан ва қаҳвахонаҳои маҳалла дар амал ба фоҳишахона табдил ёфтааанд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, ин гурӯҳ шоми панҷшанбе ба кӯчаҳои маҳаллаи Бодомдор баромада, маҷбур кардаанд, то қаҳвахона ва ресторанҳо баста шаванд. Пулиси Боку тазоҳургаронро пароканда намуда ва гуфтааст, ки худаш мушкили бадахлоқӣ ва ғавғои шабона дар он маконҳоро ҳал хоҳад кард. Баҳодур Салимов, сокини маҳаллаи Бодомдор гуфтааст, онҳо борҳо ба мақомоти пулис доир ба ғавғои шабона ва бадахлоқӣ дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо шикаят кардаанд, аммо бенатиҷа аз ин рӯ мардум худаш даст ба кор шудааст. Агарчӣ дар Озарбойҷон рӯспигарӣ мамнӯъ аст, аммо дар амал ин зуҳурот мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG