Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе соҳибмулк будани Муродалӣ Қодиров ва Сайриддин Холов, сокинони ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакиро таъйид кардаст.

Муродалӣ Қодиров соли 2007 дар музояда ё ауксион гаражи СПМК - и 4 -и ноҳяи Ёвонро харидорӣ карда буд, ки беш аз 2 ҳектар масоҳат дорад. Соҳибмулкон ин гаражро ба нуқтаи таъмири мошинҳо табдил додаанд, ки ҳоло низ фаъол аст. Аммо бо ин ҳам Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон талош дорад, ки ин корхонаро аз соҳибонаш пас бигирад ва аз тариқи доир кардани музояда ба дигар кас фурӯшад.

БАҲСЕ, КИ СЕ СОЛ ПЕШ ОҒОЗ ШУД

Баҳси миёни Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо сокини ноҳияи Ёвон-Муродалӣ Қодиров, пас аз он сар зад, ки ин шахс гаражи як корхонаи сохтмониро дар музоядае харидорӣ кард. Ҷаноби Қодиров гаражеро, ки солҳо боз фаъолият намекард, ба нуқтаи таъмири мошинҳо табдил дод ва корҳои ободониеро дар ин иншоот, ки беш аз 2 ҳектар масоҳат дорад, рӯи даст гирифт.

Аммо бо гузашти муддате ва он ҳам пас аз интишори қонуни афви молу мулки шаҳрвандон дар соли 2007, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ талош дорад, санади соҳибмулкии ин иншоотро аз тариқи додгоҳ лағв кунад.

Нахуст додгоҳҳои ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон ва Додгоҳи
Гаражи СПМК - и 4 -и ноҳияи Ёвон қабл аз фурӯш

Олии Тоҷикистон зимни баррасии ин қазия, масъаларо ба нафъи соҳибмулкони иншоот ҳал карданд. Ҳатто Вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон, ки ин гараж дар гузашта мутааллиқ ба ин ниҳоди давлатӣ буд, аз даъвояш даст кашид.

ЧАРО КУМИТАИ САРМОЯГУЗОРИРО ҲАЛНОМА ҚОНЕЪ НАКАРД?

Бо ин ҳам Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистонро ҳалномаҳои ин додгоҳҳо қонеъ накард ва дубора ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурд.

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе низ бар асоси қонун дар бораи афви молу мулки шаҳрвандон боз ҳам соҳибмулк буданиин Муродалӣ Қодиров, сокини ноҳияи Ёвон таъид кард. Зеро бар асоси банди 10-уми ин қонун, «мӯҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии молу мулк як сол буда, пас аз гузашти ин мӯҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд аз нав баррасӣ карда намешавад».

Пас суоли матраҳ ин аст, ки чаро Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои лағви шаҳодатномаи соҳибмулкии Муродалӣ Қодиров пофишорӣ дорад?

Муродалӣ Ҳусайнов, сардори шӯъбаи ҳуқуқи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар посухи ин суол ба РО гуфт, ки додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дар ҳалномааш, ки ба нафъи соҳибмулк - Қодиров аст, аз моддаи даҳ ёддовар нашудааст: «Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар ин ҳалнома аз моддаи 7 ва 11 қонуни афви молу мулки шаҳрвандон ёддовар шудааст. Ба ин далел мо ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдем ва мехоҳем, ки додгоҳ санади соҳибмулк будани Қодиров ва Холовро лағв кунад».

Ин дар ҳолест, ки бандҳои 7 ва 11-и қонуни афви молу мулки шаҳрвандон ба нафъи соҳибмулкон аст. Зеро дар ин банд гуфта шудааст, ки «молу мулки давлатие, ки то мавриди амал қарор дода шудани қонуни мазкур хусусӣ гардонда шудааст, бе риояи тартиби дар қонуни мазкур муқарар гардида, қонунӣ гардонда шуда ҳисоб меёбад».

ВАКИЛИ МУДОФЕЪ: «ҲАДАФ ДИГАР АСТ»

Искандар Абдуллоев, вакили мудофеъи Муродалӣ Қодиров, даъвои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораии амволи давлатиро беасос медонад ва мегӯяд, ки иддаои норӯшани ин ниҳоди давлатӣ ҳадафи дигареро дунбол мекунад: «Муродалӣ Қодиров шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулкро дар робита ба ин гараж дар соли 2008, дар асоси баргузории ауксион аз Ҳукумати ҷумҳурӣ дастрас кардааст. Аз соли 2008 то ҳозир, ки се сол мегузарад, Кумитаи сармоягузорӣ талош дорад, ин гаражро дубора бозпас гирад ва ба дигар кас бифурӯшад. Дар ҳоле, ки кумитаи сармоягузорӣ садҳо корхонаро ба ҳамин шева фурӯхта буд, вале дар бораи дигарҳо даъво надорад. Ва аз чӣ бошад, ки ба ин гараж ин қадар таваҷҷӯҳ дорад. Пас қонун дар бораи афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва қонуни гардонии молу мулк барои кист?».

Тибқи гузоришҳо, дар чанд соли ахир аз 22 ҳазор корхона, ҳудуди 16 ҳазори он хусусӣ карда шудааст, ки ҳазору сад корхонааш умуман кор намекунад ва ҳудуди беш аз 14 ҳазори дигар нимкора ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ гуфта буд, ки корхонаҳои хусусишуда, ки фаъол нестанд, бояд дубора давлатӣ карда шаванд.

ФИШОРИ ҲУКУМАТ

Ба эътиқоди коршиносон, масъалаи аз тариқи додгоҳу додситонӣ кашида гирифтани моликияти касе ва додан ба каси дигар, ки хислати коррупсионӣ дорад, дар солҳои ахир дар Тоҷикистон маъмул шудааст.

Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси масоили иқтисодӣ дар ин робита мегӯяд: «Ин раванд дар соири кишварҳо, дар Тоҷикистон низ аст. Қудрат, ки дар дасти худашон аст, аз суду додситонӣ ва милитсия истифода мекунанд. Ба ҳамин минвол қудрат фишор меорад ва алорағми қонун ба додгоҳ мегӯяд, як ҷойи заъфашро пайдо кунеду аз тариқи суд кашида гиреду ба фалонӣ диҳед ва қудрат доля ё ҳақашро мегирад. Кумитаи сармоягузорӣ қонунӣ будани ин қазияро хуб медонад, вале таҳти фишор, ки қарор дорад, ночор аст».

ЯК НАМУНА...

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон аз охирин музояда барои сохтани рақамҳои давлатии мошинҳо ёд мекунанд, ки дар ин ауксион ширкати «Фароз» бо пешниҳоди 51 сомонӣ барои сохтани ҳар як рақами давлатии мошин ғолиб омад. Аммо ширкати «Дурнамо», ки барои ҳамин кор 32 сомонӣ, камтар аз ширкати «Фароз» пешниҳод карда буд, барранда нашуд. Ва танҳо пас аз бозтоби ин мавзӯъ дар расонаҳои хабарӣ, натиҷаи ин музояда лағв гардид.

Кашмакашҳо сари амволи Муродалӣ Қодиров, сокини ноҳияи Ёвон дар заминаи соҳибмулк будани вай ва Сайриддин Холов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки бархе аз сокинони ин минтақа мегӯянд, ин қазия ба манфиати бархе аз мақомдорон дар ноҳия ва маркази Тоҷикистон гиреҳ хӯрдааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди соҳибназарон, дар чанд соли ахир афроди қудратманд ва наздик ба мақомот бо ҳар роҳ, аз ҷумла фишор ба ниҳодҳои зидахл талош кардаанд, то иншоотҳои фоидаовар ва ҷойҳои лозимиро дар манотиқи мухталиф зери даст бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG