Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Амрикову Ироқ ба бунбаст дучор шудааст


Як мақоми ироқӣ мегӯяд, музокироти дуҷониба дар бораи идомаи ҳузури теъдоде аз сарбозони Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ба бунбаст дучор шудааст. Саъд ал-Мутталибӣ, аз Ҳизби ҳокимияти қонуни Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, ба бахши ироқии Радиои Озодӣ гуфт, музокирот барои нигаҳ доштани теъдоде аз сарбозони амрикоӣ баъд аз соли 2011 то кунун натиҷа надодааст, зеро Амрико мехоҳад, сарбозонаш аз ҳаққи масунияти комил дар Ироқ бархурдор бошанд. Аммо гуфтааст, Саад ал-Мутталибӣ, Ироқ ин ҳақро танҳо ба кормандони сафоратҳо медиҳад. Баррӣ Ҷонсон, сухангӯи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ба бахши ироқии Радиои Озодӣ гуфт, феълан ҳудуди 44 ҳазору 500 сарбози амрикоӣ дар Ироқ мустақаранд ва моҳона 10 ҳазор нафари онҳо кишварро тарк мекунанд. Бо идомаи ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ, ки бояд то охири моҳи декабр ба поён расад, баъзе аз мақомоти Ироқ аз бурузи дигарбораи ноамнӣ ва ҷанги шаҳрвандии эҳтимолӣ дар ин кишвар ҳушдор додаанд.
XS
SM
MD
LG