Пайвандҳои дастрасӣ

Қабл аз намози ҷумъаи имрӯз дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе ҳамоише дар сӯгвории устод Раббонӣ баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш бар изофаи мардуми намозгузор, меҳмонони хориҷӣ аз Афғонистон, Ирон, Малайзия ва теъдоде аз кишварҳои исломӣ, ки ба хотири ширкат дар анҷумани ҲНИТ даъват шуда буданд, ширкат доштанд. Ҳамоиш бо тиловати порае аз Қуръони Карим ба арвоҳи устод Раббонӣ ва дигар пешвоёни ислом оғоз шуд.



Ширкатдорон зимни суханронӣ аз шахси Бурҳониддин Раббонӣ ба сифати як олим ва пешвои ислом ном бурданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфт: «Устод Раббонӣ ба садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ҳукми падарӣ дошт ва ин мусибати он муҳоҷирини тоҷик аст, ки тӯли чад соли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон меҳмонӣ устод Раббонӣ дар Афғонистон буданд».

Ширкатдорон шаҳодати Устод Раббониро талафоти олами ислом унвон карданд ва аммо таъкид доштанд, ки шаҳодати ӯ идомаи мубориза барои пойдории ислом ва сулҳ дар Афғонистон аст.

Қарор буд, Бурҳониддин Раббонӣ, дар ин рӯзҳо вориди Тоҷикистон мешуд ва дар анҷумани ҲНИТ ширкат мекард. Ба қавли Кабирӣ, ӯ ин даъватро пазируфта буд ва чанд рӯз пеш дар як конфронси исломӣ дар Теҳрон сари ин мавзӯъ сӯҳбат доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG