Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснашинии даҳҳо зиндониёни рус дар Кирово-Чепетск


Дар Русия даҳҳо нафар аз зиндониёни яке аз маҳбасҳои низомаш шадид бо талаби осонтар кардани муқаррарот ва хотима додан ба худсариҳои мақомоти зиндон ба гуруснашинӣ шурӯъ карданд. Зиндониёни маҳбаси Кирово-Чепетск мехоҳанд, то Юрий Чайка ва Владимир Лукин, ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия бо онҳо мулоқот кунанд. Яке аз зиндониёни собиқи маҳбас ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳар зиндониеро, ки ба инҷо меоранд, маҷбур мекунанд, аз ҷумла 800 бор нишаставу бархезад, дар сурати сарпечӣ ӯро ба нерӯи барқ мемонанд. Ҳомиёни ҳуқуқи шаҳри Кирово-Чепетск мегӯянд, тақрибан 1000 нафар аз зиндониён ба гуруснашинӣ идома медиҳанд ва мақомоти расмӣ барои арзёбии вазъ ба зиндон омадаанд.
XS
SM
MD
LG