Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзияи Алберт Эйнштейн беэътибор мешавад?


Гурӯҳи байналмилалии донишмандон мегӯянд, зарраҳои зератомӣ мавсум ба “нейтринос”-ро кашф карданд, ки назар ба суръати нур тезтар ҳаракат мекунад. Дар сурати собит шудани ин кашфиёт, яке аз қонунҳои бунёдии Алберт Эйнштейн дар бораи коинот, беэътибор хоҳад шуд. Маркази аврупоии пажӯҳишҳои атомӣ гуфт, озмоиш бо нейтринос дар як суръатфизои бузург нишон дод, ки ин заррот масофаи 730 километрро назар ба рӯшноӣ 60 наносония зудтар тай кардаанд. Агар ин чиз собит шавад, фарзияи Алберт Эйнштейн аз соли 1905, ки дар коинот чизе тундтар аз нур ҳаракат намекунад, бе эътибор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG