Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайкари устод Раббонӣ дар Кобул ба хок супурда шуд


Устод Раббонӣ рӯзи сешанбе аз сӯи фарде, ки худро қосиди сулҳи Толибон муаррифӣ кард, кушта шуд.
Устод Раббонӣ рӯзи сешанбе аз сӯи фарде, ки худро қосиди сулҳи Толибон муаррифӣ кард, кушта шуд.
Пайкари Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ва аз миёнҷигарони сулҳи кишвар ба хок супурда шуд. Маросими дафни устод Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, бо ҳузури издиҳоми бузург ва таҳти назорати шадиди маъмурони амниятӣ дар Кобул сурат гирифт. Дар ин маросим Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт: “Хуни устоди шаҳид ва дигар қурбониёни роҳи озодӣ ва иззати Афғонистон, моро мулзам месозад, ки то расидан ба сулҳ ва амният ҷидду ҷаҳди худро идома диҳем.Толибшоҳи Сайидзода, сардабири рӯзномаи “Миллат”, аз шаҳри Кобул ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими дафн ба хушунат олуда шуд: Дар маросими дафн дар қабристон, ҷонибдорони устоди марҳум Раббонӣ вазъиятро андаке муташанниҷ карданд ва сангандозӣ ва сангпаронӣ байни мардум ва пулис ва маъмурони амниятӣ воқеъ афтод, ҳатто ки нерӯҳои изофӣ дархост шуд барои ором кардани мардум.“ Ҳайъати Тоҷикистонро дар маросими дафн, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон раҳбарӣ мекунад. Бурҳониддин Раббонӣ рӯзи сешанбе дар манзилаш дар сӯи як маргталаб, ки худро қосиди Толибон вонамуд кард, кушта шуд. Пулиси Афғонистон Толибонро масъули қатли устод Раббонӣ медонад, ки 70 сол дошт ва аз соли 1992 то соли 1996 раиси ҷумҳури Афғонистон ва узви Эътилофи Шимол буд, ки бо кӯмаки ҳамин эътилоф Амрико Толибонро соли 2001 дар Афғонистон сарнагун кард.
XS
SM
MD
LG