Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 19-уми сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст: «Сабо» - «Ҳосилот» - 2:1, «Ҳулбук» - «Кӯктош» - 5:1, «Ситора» - «Саройкамар» - 1:0, «Пахтакор» - «Ҷавонон» - 3:1, «Вахши зарнисор» - «Рашт» - 4:1.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, бозӣ миёни дастаҳои “Румӣ» ва «Данғара» дар дақиқаи 42-юм, баъди он ки мизбонон – футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ба дарвозаи меҳмонон гол задаанд, қатъ шуда, идома наёфтааст.

Ӯ афзуд: “Меҳмонон-футболбозони ноҳияи Данғара ба нишони эътироз ба ҳукми сардовар Аъзам Бӯриев (аз шаҳри Қӯрғонтеппа) баъди латукӯби ӯ майдонро тарк кардаанд. Ба андешаи онҳо тӯб ба дасти бозигари мизбонон расидааст. Ин ҳодиса 23-юми сентябр дар кумитаи назорату ахлоқи федератсиюн баррасӣ шуд. Бар асоси муқаррароти мусобиқот дастаи “Данғара” бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб дониста, бозигаронаш – Даврон Холов ва Шараф Абдуллоев аз ҳаққи ширкат дар 10 бозӣ, Холмурод Назаров ва Аслиддин Холбобоев аз 5 бозӣ маҳрум шуданд. Инчунин дастаи “Румӣ” барои таъмин накардани низом дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.”

Инчунин масъули ФФТ ба “Озодӣ” хабар дод, ки дастаи “Рашт”-и ноҳияи Рашт бар асоси мактуби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз пардохти маблағ барои ширкат дар бозиҳои минбаъдаи мусобиқот роҳ дода шуд.
Бозиҳои даври 18-ум байни дастаҳои «Кӯктош» - «Ситора» ва «Ҳосилот» - “Ҳулбук” ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Сабо» (Шаҳринав) 16 11 3 2 52-16 36
2. «Зарафшон» (Панҷакент) 15 10 3 2 34-17 33
3. «Ҳулбук” (Восеъ) 15 9 5 1 41-13 32
4. «Пахтакор” (Қубодиён) 16 9 4 3 35-22 31
5. «Ҳосилот” (Фархор) 15 9 2 4 24-17 29
6. “Румӣ” (Румӣ) 17 9 1 7 40-25 28
7. «Вахши зарнисор» (Вахш) 15 6 5 4 34-26 23
8. «Ситора» (Рӯдакӣ) 14 6 4 4 18-11 22
9. «Саройкамар» (Панҷ) 16 6 4 6 22-23 22
10. «Данғара» (Данғара) 16 3 5 8 21-23 14
11. “Кӯктош” (Рӯдакӣ) 15 3 3 9 14-30 12
12. “Ҷавонон” (Турсунзода) 15 2 3 10 12-39 9
13. “Локомотив” (Душанбе) 15 2 2 11 10-45 8
14. Рашт” (Рашт) 15 1 0 14 5-41 3
Даври 20-ум

25-уми сентябр (якшанбе)


«Зарафшон» - «Вахши зарнисор»
«Рашт» - «Пахтакор»
«Саройкамар» - «Ҳулбук»
«Кӯктош» - «Сабо»
«Данғара» - «Ҷавонон»
«Румӣ» - «Локомотив»

Оғози бозиҳо – соати 16:30

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG