Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди ҷонибдорони Раббонӣ бо нерӯҳои пулис дар Кобул


Маросими ҷанозаи Бурҳонуддини Раббонӣ зери тадобири шадиди амниятӣ дар Кобул баргузор шуд.

Ҳазорон нафар дар маросими ҷанозаи ин раҳбари ҷиҳодии Афғонистон дар Қасри раёсати ҷумҳури ин кишвар иштирок намудаанд.

Аз ҷумла, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Толибшоҳи Сайидзода, муовини сардабири ҳафтаномаи "Миллат" низ дар ҷо ҳузур доштанд.

Толибшоҳи Сайидзода дар як тамоси телефонӣ аз Кобул гуфт, аммо дар маросими ба хоксупории ҷасади Бурҳонуддини Раббонӣ бархе аз ҷонибдорони раҳбари пешини Афғонистон натавонистанд иштирок бикунанд.



Зеро ба қавли ӯ, гурӯҳе аз ҷонибдорони Раббонӣ вазъиятро муташанниҷ карда буданд, яъне миёни онҳо ва маъмурони интизомӣ сангпартоӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳамон тавре ҷаноби Сайидзода гуфт, ҳатто барои ором кардани мардуми башӯромада, нерӯҳои иловагии амниятӣ дархост шуд.

Муовини сардабири "Миллат" мегӯяд, мардуми ба шӯромада бештар алайҳи раҳбари кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай ва ҳамчунин бар зидди Покистон шиорҳо медоданд.

Бурҳонуддини Раббонӣ, ки 71 сол дошт, рӯзи сешанбе дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар манзилаш дар Кобул кушта шуд ва дар оромгоҳи Вазир Акбархони Кобул ба хок супурда шуд.

ҚОТИЛИ УСТОД РАББОНӢ КИСТ?

Қатли Раббонӣ мавҷи маҳкумиятҳоро дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба по кард ва акнун ин суол дар зеҳнҳо халқ шудааст, ки дар паси ин сӯъиқасд кӣ истодааст ва қатли раҳбари Шӯрои олии сулҳ, ниҳоде, ки махсус барои овардани
Ато Муҳаммад Нур, волии вилояти Балх

оромӣ ба Афғонистони ҷангзада ташкил шуда буд, ба суди кист?

Атомуҳаммади Нур, волии вилояти Балх ва аз фармондеҳони собиқи муқовимат дар шимоли Афғонистон, ки низ аз парвардаҳои Ҷамъияти исломии Раббонист, мӯътақид аст, ки адреси қотилони Раббонӣ дақиқ аст ва устодро, ба бовари ӯ, Толибон бо кӯмаки ISI, идораи кашфи Покистон куштаанд:



Атомуҳаммади Нур танҳо мақоми баландпояи Афғонистон нест, ки дар робита ба қатли Раббонӣ ангушти иттиҳом ба сӯи мақомоти истихборотии Покистон баланд мекунад.



ISI дар гузашта низ муассис ва мураббии асосии ҷунбиши Толибон ном бурда мешуд. Мақомоти давлати вақти Раббонӣ мегуфтанд, Толибон маҳз аз сӯи ҳамин идора ҳидоят мешавад.

ПОКИСТОН-СОДИРКУНАНДАИ ХУШУНАТ

Дирӯз фармондеҳи ситоди кулли артиши Амрико адмирал Майк Маллен низ Покистонро ба “содирот”-и хушунат ба Афғонистон айбдор кард. Адмирал Маллен ба кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико гуфт, шабакаи Мавлавӣ Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, ки як гурӯҳи ҳампаймон бо Толибон шинохта мешавад, “ҳамчун силоҳи ҳақиқии идораи кашфи Покистон амал мекунад.” Маллен ишораи мушаххасе ба
Адмирал Майк Муллен

сӯъиқасд ба ҷони Раббонӣ накард, вале гуфт, ҷангиёни Ҳаққонӣ бомбгузории рӯзи 10 сентябр ба як посгоҳи НАТО дар ҷануби Кобул ва ҳамлаи рӯзи 13 сентябр алайҳи сафорати Амрико дар пойтахти Афғонистонро “бо кӯмаки ISI” анҷом додаанд.

Адмирал Майк Маллен аз ҷумла гуфт: “Бо интихоби ифротгароии хушунатомез ба ҳайси фишанги сиёсат, давлати Покистон ва бавижа артиши Покистон ва ISI нафақат дурнамои мушорикати стротегии мо, балки имкони матраҳ шудани Покистон ба ҳайси як кишвари мӯҳтарам ва соҳиби нуфузи машрӯъи минтақавиро низ дучори хатар мекунанд.”

Исломобод, албатта ин иддаоро радд мекунад.




"ТОЛИБОН БА СУЛҲ АЛОҚА НАДОРАНД"

Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон ва низ аз раҳбарони собиқи Эътилофи шимол қатли ҳамсангараш дар солҳои ҷиҳод Бурҳонуддини Раббониро кори дасти душманони Афғонистон номид, ки солҳост дар ин кишвари ҷангзада бо қатли чунин афроди саршинос тухми тарсу харобӣ мекоранд.



Доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ
Доктор Абдуллоҳ ба фарқ аз Атомуҳаммади Нур ангушти иттиҳом ба сӯи кадом ҷониб ё гурӯҳи мушаххас накард, вале гуфт, ҳама медонанд, ки Толибон ба сулҳ алоқа надоранд ва аз Покистон ҳам кӯмак мегиранд ва ҳама медонанд, ки маҳз тарси расидани музокироти сулҳ ҷангиёни толибро ба афзоиши аъмоли хушунатомез, аз қабили чунин қатлҳои пурсадо таҳрик додааст. Аммо ба эътиқоди доктор Абдуллоҳ, бояд ин бор як таҳқиқоти дар воқеъ фарогир анҷом шавад, ки маргталаб чигуна ва бо мусоидати чӣ касоне дар дохил тавонистааст ба анҷоми ин сӯъиқасд даст биёбад.



Маргталабе, ки даст ба ҷони Бурҳонуддини Раббонӣ зад, худро намояндаи Толибон муаррифӣ карда буд, ки гӯё бо худ аз номи он ҷунбиш як паёми сулҳ овардааст. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, хабари ба Кобул расидани ин номарасон бо паёми сулҳ аз як намояндаи дигари Толибонро нахуст ба ӯ мушовираш Маъсум Станакзай расонд, вале акнун маълум мешавад, ки ин на паёми сулҳ, балки як ҳила барои роҳ ёфтан ба дохили манзили раиси Шӯрои олии сулҳ будааст.



Худи Станакзай, ки муовини Раббонӣ дар Шӯрои олии сулҳ буд, дар он ҳамла ҷароҳатҳои сангин бардошт. Аммо танҳо шоҳиди айнии зиндаи он ҳодиса Раҳматуллоҳ Воҳидёр, муовини вазир дар давлати вақти Толибон ва акнун узви Шӯрои олии сулҳ аст, ки феълан дар боздошт қарор дорад. Ӯро, ки ҳамроҳ бо Станакзай ҳамлагарро ба мулоқоти Раббонӣ бурда буд, мақомоти амниятӣ ба назди хабарнигорон эҳзор карданд. Воҳидёр қазияи он рӯзи шумро чунин қисса кард: “Вақте мо дохили иморати асосӣ шудем, котиби устод Ҳоҷӣ Назир дарро боз кард. Меҳмон қабл аз мо вориди ҳуҷра шуд. Устод аз тарафи рост нишаста буд ва Станакзай дар паҳлуи ӯ. Устод баъд аз ҷояш баланд шуд ва бо нидои “Марҳабо, марҳабо” ба сӯи ӯ оғӯш кушод. Меҳмон каме пеш рафт ва сарашро низ барои оғӯш поин кард. Дар ин лаҳза як садои баланди таркиш омад ва ҳамаҷо торик шуд. Вақте ман ба худ омадам, дидам, ки устод ва Станакзайро алакай бурдаанд.”

БАЁНИЯҲОИ ЗИДДИНАҚИЗИ ТОЛИБОН

Худи Толибон дар аввал масъулияти қатли Раббониро ба дӯш гирифта, ҳатто худситоӣ мекарданд, ки чигуна намояндаи онҳо бо ваъдаи дурӯғи сулҳ ба боварии ӯ даромадааст. Аммо акнун Толибон он иддаои қаблиро радд карда, дар мавриди ин қазия расман ба даҳон об гирифтаанд.

Шафиқуллоҳ Тоҳирӣ, сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи қатли Раббониро бар дӯш дорад, мегӯяд, таҳқиқот ҳанӯз идома дорад, вале маргталаб Ҳамидуллоҳ Охунд худро маҳз намояндаи Шӯрои Квейта мегуфт ва аз номи ҳамин ниҳоди олии раҳбарии ҳаракати Толибон музокирот пеш мебурд. Яъне, хулоса мекунад Тоҳирӣ, ин ба чунин маъност, ки Шӯрои Квейта дар ин ҳамла даст дошт. Ба гуфтаи ӯ, Шӯрои Квейта нақшаи қатли Раббониро ҳанӯз 4 моҳ пеш тарроҳӣ карда буд.

АФҒОНИСТОН ДАР СӮГИ УСТОД РАББОНӢ

Толибшоҳи Саидзода, муовини сардабири ҳафтаномаи "Миллат"
Ва аммо тавре гуфтем, ин ҳама раддубадалҳо дар ҳолест, ки имрӯз ҷанозаи Бурҳонуддини Раббониро дар оромгоҳи Вазир Акбархони Кобул ба хок месупоранд. Ӯ дигар аз ҳама доругири ин дунё канд ва ба ҷамъи ҳамсангарони аз ӯ пеш шаҳидшудааш, чун Аҳмадшоҳи Масъуд, Тоҳири Бадахшӣ ва Муҳаммаддовуди Довуд пайвастааст.

Зимнан Толибшоҳи Саидзода, хабарнигори ҳафтаномаи мустақили «Миллат», чопи Душанбе, низ ба намояндагӣ аз ин ҳафтанома ва ҳам аз Анҷумани хабарнигорони форсизабон “АФРӮЗ” ба хотири ширкат дар маросими видоъ бо устод Раббонӣ ва пайгирии ин маросим ба Кобул рафтааст.Ҷаноби Саидзода дар як гуфтугӯи телефони аз пойтахти Афғонистон ҳоли фазои субҳи имрӯзаи Кобулро чунин шарҳ дод:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG