Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти башиддати қимати саҳом дар бозорҳои дунё


Ҳушдорҳо пиромуни вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ дирӯз боиси уфти башиддати қимати саҳом дар бозорҳои молӣ шуд. Шохиси Dow Jones дар бозори бурси Ню-Йорк 3,5 фоиз пойин рафт. Қабл аз он нишондиҳандаҳои асосии бозорҳои Аврупову Осиё низ коҳиш ёфтанд. Мудири Сандуқи байналмилалии пул Кристин Лагард дар Вошингтон ҳушдор дод, ки иқтисоди ҷаҳонӣ вориди “як марҳалаи хатарнок” мешавад. Ӯ гуфт, бори гарони қарзҳо дар ғайри сурати иттихози иқдомот эҳёи иқтисодҳоро буғӣ хоҳад кард. Раҳбари Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зоеллик аммо гуфт, иқтисоди ҷаҳонӣ алакай “дар як минтақаи хатарнок” қарор дорад. Ӯ аз Аврупову Амрико ва аз Ҷопон хост, бо ба мушиклоти иқтисодҳои худ расидагӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG