Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси эҳёи Роҳи абрешим дар Ню-Йорк


Афғонистон ва ҳамсояҳову ҳампаймонҳояш, бо шумули Амрико, мавзӯъи эҳёи Роҳи абрешими бостонӣ тавассути Осиёи Марказиро баҳс кардаанд. Дар ин нишаст дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк ҳудуди 25 кишвар роҳҳои ҳамоиши бештари кишварҳои минтақа тавассути тиҷоратро дар миён гузоштаанд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, пайвастагиҳои муҳками минтақавии иқтисодӣ метавонад Афғонистонро ба шароити баъд аз соли 2014, ки нирӯҳои эътилоф хориҷ хоҳанд шуд, омода кунад.
XS
SM
MD
LG