Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози ҳайъати Амрико ба суханронии Аҳмадинажод


Ҳайъати Амрико дар СММ баъди онки раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар суханрониаш алайҳи Амрико ҳарф зад, дастаҷамъона тарки толор кард. Аҳмадинажод соли ҳафтум аст, ки аз минбари СММ ҳамлаҳои 11 сентябрро зери суол мебарад ва онро ин бор “як рӯйдоди мармуз” ва “баҳона” барои ишғоли Афғонистон хонд.
Аҳмадинажод ҳамчунин Ҳолокост – қатли омми яҳудиёнро “ваҷҳе барои пардохти товон ба саҳюнистҳо” номид. Тақрибан дар миёнаи суханронии нимсоатаи Аҳмадинажод ҳайъати Амрико тарки толор кард ва беш аз 20 кишвар ба он пайравӣ карданд. Ҳангоми суханронии раҳбари Эрон тақрибан 1000 нафар дар рӯбарӯи бинои СММ алайҳи сиёсати давлати Эрон эътироз мекарданд.
XS
SM
MD
LG