Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди тунди адмирал Маллен аз Покистон


Адмирал Майк Маллен

Адмирал Майк Маллен

Фармондеҳи ситоди кулли артиши Амрико адмирал Майк Маллен Покистонро ба “содирот”-и хушунат ба Афғонистон айбдор кард. Адмирал Маллен ба кумитаи нирӯҳои мусаллаҳи Сенати Амрико гуфт, шабакаи Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, ки як гурӯҳи ҳампаймон бо Толибон шинохта мешавад, “ҳамчун силоҳи идораи кашфи Покистон амал мекунад.” Маллен гуфт, ҷангиёни Ҳаққонӣ бомбгузории рӯзи 10 сентябр ба як посгоҳи НАТО дар ҷануби Кобул ва ҳамлаи рӯзи 13 сентябр алайҳи сафорати Амрико дар пойтахти Афғонистонро “бо кӯмаки ISI” анҷом додаанд: “Бо интихоби ифротгароии хушунатомез ба ҳайси фишанги сиёсат, давлати Покистон ва бавижа артиши Покистон ва ISI нафақат дурнамои мушорикати стротегии мо, балки имкони матраҳ шудани Покистон ба ҳайси як кишвари мӯҳтарам ва соҳиби нуфузи машрӯъи минтақавиро низ дучори хатар мекунанд.”
Бовар меравад, ки шабакаи Ҳаққонӣ аз қаламрави Покистон амал мекунад. Аммо Исломобод инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG