Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанозаи Раббониро имрӯз ба хок месупоранд


Имрӯз дар Кобул ҷанозаи раҳбари собиқи Афғонистон ва раиси Шӯрои олии сулҳи он кишвар Бурҳонуддин Раббониро ба хок месупоранд. Раббонӣ рӯзи сешанбе бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ ҳангоми музокироти сулҳ бо як намояндаи Толибон дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Ҳамлагар бомбро дар саллааш пинҳон карда буд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, дар рӯзи маросими дафни Раббонӣ 3 000 нирӯи изофиро ба ҳолати омодабош овардаанд. Мақомоти афғон дар қатли Раббонӣ Толибонро гумонбар медонанд. Сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон Шафиқуллоҳ Тоҳирӣ гуфт, ин сӯъиқасд ҳанӯз 4 моҳ қабл аз сӯи Шӯрои Квейта – ниҳоди олии раҳбарии ҷунбиши Толибон – тарроҳӣ шуда буд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Вошингтону Кобул бо вуҷуди қатли Раббонӣ ҳаракатро ба сӯи сулҳ идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG