Пайвандҳои дастрасӣ

1950 толибилми тоҷикро пас овардаанд


Донишҷӯёни баргашта (Акс аз бойгонӣ)

Донишҷӯёни баргашта (Акс аз бойгонӣ)

То 1 сентябр 1950 донишҷӯи тоҷик аз мадориси хориҷӣ баргаштаанд. Идибек Зиёев, як масъули кумитаи дини Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфт, дар маҷмӯъ дар кишварҳои мусалмонӣ 2413 толибилми тоҷик таҳсил мекард ва акнун танҳо онҳое боқӣ мондаанд, ки бо роҳҳои расмӣ ба таҳсил рафтаанд. Ба гуфтаи оқои Зиёев, аз толибилмони баргашта то имрӯз ҳамагӣ 129 нафарро дар макотиби маҳаллӣ ба таҳсил фаро гирифтаанд. Мақомоти Тоҷикистон аз як соли пеш бо даъвати раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба бозгардони амалан иҷбории донишҷӯёни тоҷик аз мадориси хориҷӣ оғоз карданд. Душанбе тарс дорад, ки ин афрод дар хориҷ метавонанд таҳти таъсири гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ бимонанд.
XS
SM
MD
LG