Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маллен:"Покистон "нооромӣ" содир мекунад


Адмирали амрикоӣ Майкл Маллен Покистонро бо “содир намудан”-и хушунат ба Афғонистон муттаҳам кард. Ба қавли ӯ ҷангҷӯён ҳамчун “силоҳ”-и хадамоти кашфи Покистон (ISI)истифода мешаванд.
Ҳангоми баҳси вазъи минтақа дар Сенати ИМА Маллен, ки моҳи равон аз мансаби раиси ситоди муштараки нерӯҳои ИМА ба истеъфо меравад, гуфт, бо кумаки хадамоти кашфи Покистон шабакаи Ҳаққонӣ болои сафорати ИМА ҳамла омодаву иҷро кард.
Бар асари ҳамлаҳо болои сафорати ИМА, қароргоҳи паймони НАТО ва бинои полиси Кобул камаш 25 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Шабакаи Ҳаққонӣ, ки бо Толибон равобити наздик дошта, дар Покистон мустақар мебошад, масъули ин ҳамлаҳо номида мешавад.
XS
SM
MD
LG