Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума ба собиқадорони ҷанги Тоҷикистон имтиёз дод


Думаи давлатӣ-маҷлиси поёнии парламенти Русия тасмим гирифтааст ба сарбозоне, ки дар солҳои 1992-1997-ум дар низои дохилии Тоҷикистон саҳм гирифтаанд, мақоми собиқадори ҷанг диҳад.
Имрӯз дар қироати аввал қонунгузорони Русия лоиҳаи санадеро дастгирӣ карданд, ки ба афсару сарбозони шарик дар низои дохилии Тоҷикистон додани мақоми собиқадорони ҷангро мадди назар дорад.
Ҳамин тариқ ин афсару сарбозон аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.
Вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби ҳокими Русияи воҳид Дмитрий Саблин ба хабаргузории Итар-тасс гуфтааст, ки дар бархӯрдҳои низомии солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон сиву се ҳазору шашсад низомии рус ширкат варзидаанд, ки аз миён беш аз бисту шашуним ҳазорро вазорати мудофиаи Русия ва ҳафт ҳазори дигарро Хадамоти Федералии Амнияти ин кишвар (ФСБ) ба Тоҷикистон фиристода буданд.
Хабаргузории Итар-тасс навиштааст, ки дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон 302 низомии Русия ба ҳалокат расида, камаш 384 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG