Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафҳаи Радиои Озодӣ дар шабакаи YouTube


Ин сафҳа чандест диққати гурӯҳи дигар аз хонандагон, бинандагон ва мухлисонро ба худ ҷалб кардааст.

Тавре аз номаи хонандагон рӯшан мешавад, бархе аз онҳо видеоҳои моро дар You Tube медидаанд ва аз бартарии нусхабардории ин наворҳо истифода мекардаанд. Биноан, сафҳаи нав қарор аст, моро бо ин бахш аз муштариёни Радиои Озодӣ пайванд кунад.

Дар сафҳаи нав низ хонандагону бинандагон ин имкониятро доранд, ки роҷеъ ба ҳар яке аз гузориш ва филмҳои кӯтоҳи Радиои Озодӣ изҳори назар кунанд. Бархе аз онҳо аз ҳамкорони Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ташаккур карда, хостаанд, дар ин сафҳа видеои бештаре мунташир шуда ва баҳсу гуфтугӯ аз таҳаввулот ё бозтоби онҳо вусъат гирад.

Хоҳишмандон бо “ангушт” задан ба Радиои Озодӣ дар You Tube метавонанд, ин сафҳаро бубинанд ва назари худро бинависанд. Ҳамчунин бинависед, ки кадом видеоҳои Радиои Озодиро дар ин сафҳа дидан мехоҳед.
XS
SM
MD
LG