Пайвандҳои дастрасӣ

Фаластиниҳо аз паёми Обама ба хашм омадаанд


Имрӯз ба нишони эътироз аз паёми президенти ИМА Барак Обама дар СММ дар шаҳри Ромаллоҳи соҳили ғарбии рӯди Урдун наздик ба як ҳазор фаластинӣ гирдиҳамоӣ доир карданд. Иттиҳодияи коргарони фаластинӣ бошад, тасмим гирифтааст, изҳороте пахш намуда, аз тамоми кишварҳои араб даъват кунад, ки пагоҳ дар назди сафоратҳои ИМА гирдиҳамоии эътирозӣ барпо намоянд.
Рӯзи чоршанбе президенти ИМА ба раҳбари идораи мухтори Фаластин Маҳмуд Аббос гуфт, Вашингтон тавассути Шӯрои Амнияти СММ ҳар иқдоми якҷонибаи эътирофи истиқлоли Фаластинро беасар хоҳад кард. Обама бо сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу низ вохӯрда, ваъда дод, ки кишвараш аз мавқеи Исроил пуштибонӣ мекунад.
Пешбинӣ мешавад, ки рӯзи ҷумъа Маҳмуд Аббос аз минбари СММ масъалаи эътирофи истиқлоли Фаластинро матраҳ хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG