Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Покистон хушунатро ба Афғонистон "экспорт" мекунад"


Баҳси вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳо бо Покистон дар Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида.
Баҳси вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳо бо Покистон дар Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида.

Майк Маллен, раиси ситоди муштараки артиши Амрико Покистонро масъули ноамниҳои Афғонистон номид.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Кумитаи тахсис, як кумитаи калидии Сенати Амрико, бо тасвиби санаде, ҳукуматро вазифадор кард, то кӯмакҳои амниятӣ ва иқтисодӣ ба Покистонро танҳо дар ивази ҳамкориҳои ин кишвар дар маҳви гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла шабакаи Ҳаққонӣ, ироа кунад.

Мақомоти Амрико ин гурӯҳро масъули
Зарур аст, то ҳамкорӣ бо шабакаи Ҳаққониро бас кунанд, бахусус бояд ISI, Хадамоти ҷосусии Покистон ҳамкорӣ бо Ҳаққониро бас кунад ва аз истифодаи ин гурӯҳ дар ҷанг ба нафъи худ хотима диҳад...

ҳамлаи мушакӣ ба сафорати Амрико дар Кобул медонанд, ки ҳамин моҳ сурат гирифт. Дар баёнияи кумита, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, омадааст, “кӯмакҳо бояд бо назардошти ҳамкории ҳукумати Покистон дар роҳи мубориза бо шабакаи Ҳаққонӣ, Ал-Қоида ва дигар созмонҳои террористӣ дода шавад.”

Дар ин санад, ҳаҷми кӯмакҳои иқтисодии Амрико ба Покистон барои соли 2012 таъйин нашудааст ва ихтиёр ба худи раисиҷумҳур Барак Обама дода шудааст, ки ҳаҷми онро таъйин кунад. Аммо санади Кумитаи тахсисро бояд Сенати Амрико ҳам тасвиб кунад ва сипас он бо санадҳои ҳамсони Маҷлиси намояндагони Амрико мутобиқ карда шавад.

Кумитаи тахсис барои амалиёти артиши Покистон зидди ҷангҷӯён 1 миллиард доллар пешбинӣ кардааст, вале ин кӯмак бояд бо назардошти короии давлати Покистон дар мубориза бо шабакаи Ҳаққонӣ ва созмони Ал-қоида ва дигар созмонҳои тундрав дода шавад.

Тасвиби санад дар кумитаи Сенати Амрико ба дунболи даъватҳои ошкорои мақомоти Амрико сурат мегирад, ки аз Исломобод хостанд, аз иртибот бо гурӯҳи Ҳаққонӣ даст кашад. Аз ҷумла Леон Паннета, вазири дифоъ ва Майк Маллен, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико аз ISI (Ай-cи-aй), Хадамоти ҷосусии Покистон хостаанд, тамоми иртибот бо гурӯҳи Ҳаққониро қанда ва аз ин созмони тундрав барои иҷрои аҳдофи худ истифода накунад.

Майк Маллен, рӯзи чаҳоршанбе дар суханронӣ дар Маркази Карнегӣ, як
Майк Муллен

муассисаи пажӯҳишии Амрико гуфт, чанде пеш дар мулоқот бо Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи Артиши Покистон масъалаи мазкурро баррасӣ кардаааст: "Зарур аст, то ҳамкорӣ бо шабакаи Ҳаққониро бас кунанд, бахусус бояд ISI, Хадамоти ҷосусии Покистон ҳамкорӣ бо Ҳаққониро бас кунад ва аз истифодаи ин гурӯҳ дар ҷанг ба нафъи худ хотима диҳад. Бидуни ин, мо ба ҳадафҳои умумии худ ноил намешавем. Ба эътиқоди ман, ҳамкорӣ бо Покистон фавқулода муҳим аст. Мо дар гузашта аз онҳо дур шудем ва бо дур шудан аз Покистон ва дур шудан аз Афғонистон ҳоло мо ба чунин рӯз расидем."

Майкл Маллен гуфт, ISI дар муддати тӯлонӣ аз гурӯҳҳои тундрав барои иҷрои мақсадҳои худ истифода мекард ва ин “стратегия дар Покистон бояд дар оянда тағйир ёбад”. Майкл Маллен афзуд, ҳеҷ шакке надорад, ки ҳамлаи рӯзи 11-уми сентябр ба пойгоҳи низомиёни Амрико дар вилояти Вардаки Афғонистон, ки дар ҷараёни он 77 сарбози амрикоӣ маҷрӯҳ шуданд, кори дасти шабакаи Ҳаққонӣ будааст. Ба гуфтаи Маллен, ҳамла ба сафорати Амрико дар Кобул дар рӯзи 13 сентябр низ кори дасти гурӯҳи Ҳаққонӣ будааст. Раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, “Иёлоти Муттаҳида омодаи он аст, ки барои муҳофизати шаҳрвандони кишвар пеш аз ҳама дар ҷанг ва ҳам барои муҳофизати шаҳрвандони Афғонистон, ки аз ҳамлаҳои гурӯҳи Ҳаққонӣ ба дод омадаанд, тадобири муносиберо амалӣ кунад.”

Айни замон мақомоти баландпояи Афғонистон низ мегӯянд, Хадамоти ҷосусии Покистон дар қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ба Толибон кӯмак кардаанд. Аммо дар Исломобод, Раҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон гуфт, гурӯҳи Ҳаққонӣ дар қаламрави Покистон паноҳ намебарад. Баъди мулоқот бо Роберт Мюллер, мудири Хадамоти таҳқиқоти федероли Амрико (FBI) дар Вашингтон, Раҳмон Малик ба хабарнигорон гуфт, Покистон, “размандаи хатти аввали ҷабҳа” дар ҷанг бо терроризм аст ва Покистон намегузорад, то қаламравашро барои тарҳрезии амалҳои террористӣ дар ҳар ягон гӯшаи дунё истифода кунанд.

“Дар робита ба гурӯҳи Ҳаққонӣ, мо баъзе аз масоилро баррасӣ кардем. Бале ин як масъалаи асабоникунанда аст ва
Роберт Мюллер

мо онро ҳамроҳ ҳал мекунем. Медонед, Ҳаққонӣ ҳосили Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги Афғонистон аст, вақте ки мо шарик будем ва онҳо фарзандони ҳамин хоканд, аммо ман ба ҷаноби Мюллер итминони хотир додам, ки гурҳӯи Ҳаққонӣ дар хоки Покистон нестанд. Агар ҳар иттилоъи Амрико дар бораи онҳо дошта бошанд, бидуни шак мо алайҳи он гурӯҳ иқдом хоҳем кард. “

Покистон, ки шоҳиди фалокатҳои харобиовари табиӣ, аз ҷумла селу обхезиҳо шудааст, ба кӯмакҳои молии Амрико дар соли оянда сахт мӯҳтоҷ хоҳад шуд. Покистон, ки соли 2008 барои рафъи мушкилоти молиаш аз Сандуқи Байналмилалии Пул 11 миллиард доллар кӯмаки молӣ гирифт, айни замон ҷӯёи кӯмаки 3 миллиард долларии дигар аз ин муассисаи молӣ аст.

Рӯзи чаҳоршанбе “Вашингтон Пост” гузориш дод, ки Амрико аз Покистон хостааст, бо қатъи иртибот бо шабакаи Ҳаққонӣ, дар маҳви раҳбарони ин гурӯҳ кӯмак кунад, дар акси ҳол Амрико худаш даст ба кор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG