Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

22 сентябр рӯзи байнулмилалии бидуни мошин эълон шудааст ва ба он дар 38 кишвари ҷаҳон арҷ мегузоранд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое дониста мешавад, ки дар шаҳрҳои он шумори мошинҳо аз ҳад беш ҳаракат мекунанд. Махсусан, дар пойтахти ин кишвар, ки хиёбонҳои тангу борик дорад.

Агарчӣ Душанбе шаҳри
Бештар гази карбон ва метан, ки ба ҳавои атмосфера партоб мешавад, аз ҳисоби мошинҳо мебошад...
кӯчак аст, вале аз ҷумлаи сермошинтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар ҷодаҳои он ҳудуди 50 ҳазор навъҳои мухталифи автомобил ё худравҳо ҳаракат мекунанд. Ин ҳам бар иловаи он ки ҳар субҳу шом аз навоҳии атрофи пойтахт даҳҳо ҳазор мошин вориди шаҳр шуда ва аз он берун мераванд.

МОШИН НИШОНАИ САРВАТ АСТ? (АКСУ САДО)


Аммо аксаран сермошин ба назар расидани ҷодаҳои кишварро на ба аз ҳад беш будани теъдоди мошинҳо, балки ба танг будани кӯчаҳои мошингард марбут медонанд. Нозирони роҳ мегӯянд, яке аз сабабҳои рӯздармиён рух додани садамаҳо низ ҳамин тангии роҳҳои пойтахт
мебошад. Ҳамсӯҳбати мо ронандаи яке аз мусофирбарҳои шаҳр -- Абдуҷаббор мегӯяд, воқеан шаҳр сермошин аст ва гоҳҳо наметавонад мусофиронро саривақт ба манзил расонад.

"Нақлиёт дар ҳақиқат бисёр аст, дар гузаргоҳҳои маҳаллаи 82-юм, дар маҳаллаи "Гулистон" зуд-зуд ба истилоҳи маъруф "пробка" мешавад. Роҳҳо танг аст. Аз назди бозорҳо дохили шаҳр гузаштан аслан намешавад, ҷои мошинро гузоштан ҳам нест. Мошинҳои мусофирбар бештар шудааст. Агар ҳамин хел идома кунад, вазъият бадтар мешавад",-афзуд ӯ.





Ба ин мавзӯъ рӯ овардани мо беҳадаф нест. 22 сентябр рӯзи байнулмилалии бидуни мошин эълон карда шудааст ва ба он дар 38 кишвари ҷаҳон арҷ мегузоранд. Ба навишатҳои расонаҳои ҷаҳонӣ дар ин рӯз, хусусан дар Фаронса, ки дар соли 1998 рӯзи бидуни мошин асос гузошта шудааст, ронанадаҳо мошинҳои худро дар манзилашон гузошта, бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба маҳалли кор мераванд. Ва дар ин рӯз шаҳодатномаи ронандагӣ ҳамчун чиптаи трамвайу автобусҳо ва метроҳо ба эътибор гирифта мешавад.

Дар шароити имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ зиндагии худро бидуни мошин тасаввур карда наметавонад, вале ба иттилои омори ҷаҳонӣ дар рӯз то 3 ҳазор одамро мошин асобат мекардааст.

Танҳо дар як шабонарӯзи 21 сентябр дар шаҳри Душанбе 10 ҳодисаи садамаи мошин дар Бозрасии Давлатии Автомобилии Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 10 нафар захмӣ ва як нафар кушта шудааст. Муҳаммадҷон Назриев, сухангӯи БДА мегӯяд, аз "Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин" хабар дорад ва дар Тоҷикистон ба ин монанад барномаҳое рӯи даст гирифта мешавад, ки мизони садамаву маргу мирро дар ҷодаҳо кам кунад.

Ӯ гуфт: "Имрӯз, ки рӯзи ҷаҳонии бе мошин мебошад, мо ҳам тарафдори ба низом даровардани хиёбонҳо ҳастем. Дар ин роҳ амалиёти "Автобус", "Бачаҳо", "Велосипед"-ро гузаронидем, ки қоидаи роҳ ҳамаҷониба риоя карда шавад. Лекин бо вуҷуди ин ҳама на пиёдагардҳо ва на ронанадаҳо ва на велосипедронон ба қоидаҳои роҳ эътибор намедиҳанд. Аз аввали сол то 21 сентябр 984 садама рух додааст, ки дар натиҷа 319 нафар кушта шуда, беш аз 1 ҳазору 129 нафар захмӣ шудааст."

Вуҷуди аз ҳад беши мошинҳо, хусусан дуди ғализе, ки аз мошинҳо хориҷ мешавад, аз лиҳози зистмуҳитӣ низ ба саломатии сокинони шаҳр зарари ҷиддӣ доштааст. Холназар Муҳаббатов, коршиноси масоили зистмуҳитӣ, мегӯяд: "Бештар гази карбон ва метан, ки ба ҳавои атмосфера партоб мешавад, аз ҳисоби мошинҳо мебошад. Дар шаҳри Душанбе 84 дарсади газе, ки ҳаворо олуда мекунад, аз ҳисоби нақлиёт аст. Ҳоло олимони ҷаҳон дар ташвишанд, ки чӣ кор бояд кард, то аз олудашавии қабати ҳаво аз ҳисоби гази мошинҳо ҷилавгирӣ карда шавад."



Феълан ягона роҳи амалие, ки коршиниосон пешинҳод мекунанд, ин ба ҷои мошинҳои бензинӣ ва дизелӣ истеҳсоли автомобилҳои гибритӣ ва барқӣ мебошад. Дар кишварҳои пешрафта, ба мисли Олмон, Фаронса, Амрико алакай мошинҳои барқиро дар намоишгоҳҳо гузоштаанд.

Бино бар иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ Чин тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои итеҳсоли мошини кишварҳои ғарбӣ то соли 2015 ҳудуди як миллион мошини гибритӣ ва 500 ҳазор мошини ба истилоҳ экологии барқиро ба фурӯш гузорад ва дар соли 2020 шумори ин мошинҳо ба 5 миллион расонида хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG