Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Молдова бо ҷудоихоҳон эҳёи мешавад


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз эҳёи музокироти зери назари ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯи баҳси минтақаи назди Днестр хушҳол шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Литва Аудрониус Азубалис, ки сарварии даврии САҲА-ро бар дӯш дорад, аз минбари СММ гуфт, тасмими эҳёи музокирот дар чорчӯби “панҷ ҷамъи ду”, яъне музокироти ҳайатҳои Молдова бо мақомоти минтақаи назди Днестр бо ширкати ҳайатҳои миёнарав аз қабили Русия, Украина, ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва САҲА иқдоми калидӣ дар ҳалли баҳси минтақаи назди Днестр мебошад. Гуфта мешавад, музокирот дар Вилнюс-пойтахти Литва доир хоҳад шуд.
Ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав дар соли 1990 минтақаи назди Днестррро аз итоати Молдова берун кашида, худро мустақил эълон карданд.
То кунун ягон кишвари олам bн истиқлолро эътироф накардааст. Соли 1992 миёни ду тараф як ҷанги кӯтоҳмуддат низ ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG