Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса 200 сарбозашро аз Афғонистон бармегардонад


Моҳи оянда Фаронса 200 низомиашро аз Афғонистон ба ватан бармегардонад. Сухангӯи низомиёни Фаронса Тиерӣ Бурхард дар пойтахти Фаронса гуфт, дар чорчӯби беруншавии тадриҷӣ, ки то соли 2014-ум идома мекунад,200 сарбози ёдшуда то охири моҳи октябр ба ватан меоянд. Дар сафи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF), ки таҳти назорати паймони НАТО қарор доранд, 4 ҳазор низомии Фаронса ифои вазифа мекунанд. Сар аз соли 2001-ум то имрӯз Фаронса 98 низомиашро дар Афғонистон аз даст додааст, ки 23 нафари онҳо имсол ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG