Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳуқуқшиноси эронӣ эъдоми наврасро маҳкум кард


Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел хонум Ширин Ибодӣ эъдоми як навраси масъули кушторро маҳкум кард. Алbризо Муло Султонии 17-сола бо ҷурми куштори варзишгари маъруф Руҳуллоҳ Дадашӣ рӯзи чоршанбе дар мазҳари ом дар шаҳри Караҷ ба дор овехта шуд.
Моҳи июл Дадашӣ, ки қаҳрамони дукаратаи Эрон дар бодибилдинг будааст, бо зарби корд ба қатл расид.
Дар сӯҳбат бо Радиои Фардо хонум Ибодӣ гуфтааст, эъдоми Султонӣ хилофи меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ мебошад, зеро ӯ дар задухӯрди кӯчагӣ Дадаширо ба қатл расондааст, яъне Султонӣ пешакӣ барои куштори номбурда омодагӣ нагирифтааст.
Ба қавли Ибодӣ соли равон дар Эрон ҳадди ақалл панҷ наврас эъдом шудаанд.
XS
SM
MD
LG