Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи занони ниқобпӯшро додгоҳ арзёбӣ мекунад


Имрӯз додгоҳи Фаронса барои аввалин бор ду занро барои пӯшидани ниқоби исломӣ дар ҷои ҷамъиятӣ муҷозот намуд. Додгоҳи шаҳраки Мо бо ишора ба манъи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки сар аз моҳи апрел мавриди иҷро қарор гирифтааст, зани аввалро 80 евро ва дуввумиро 120 евро ҷарима баст.
Ду зани ёдшуда дар моҳи май ниқоб пӯшида ба мири муҳофизакори шаҳраки Мо, ки аз ташаббускорони аслии манъи ниқобу бурқа аст, ҳамчун тӯҳфаи зодрӯз ширинӣ бурда буданд.
Фаронса аввалин кишвари аврупоист, ки пӯшидани ниқобу бурқаи исломӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ кардааст. Чанд дафъа полис занони ниқобпӯшро дар ҷои ба истилоҳ "табаҳкорӣ" ҷарима карда буд, вале имрӯз барои аввалин бор қазия дар додгоҳ арзёбӣ мешавад.
Яке аз занҳо гуфт, ӯ мехоҳад муҷозот шавад, то баъдан шикояташро ба додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо барад.
Ҳамчунон имрӯз як зани ниқобпӯшӣ фаронсавӣ тасмим гирифтааст, худро довталаби курсии президентии Фаронса дар интихоботи соли оянда эълон кунад.
XS
SM
MD
LG