Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати ИМА кумак ба Покистонро арзёбӣ мекунад


Кумитаи калидии Сенат-маҷлиси болоии Конгресси ИМА ба тарафдорӣ аз шартгузорӣ дар муқобили кумаки иқтисодиву амниятӣ ба Покистон дар муборизааш бо гурӯҳҳои ҷангҷӯй ва аз ҷумла шабакаи Ҳаққонӣ овоз додааст. ИМА бар ин назар аст, ки моҳи равон шабакаи Ҳаққонӣ дар мушакборони сафорати ИМА дар Исломобод саҳм доштааст. Дар ҳоли тасвиби ин санад аз тарафи аъзои Сенат он барои тасдиқ ба маҷлиси поёнии Конгресс фиристода хоҳад шуд.
Дар қарори худ кумитаи Сенат миқдори кумаки ИМА ба Покистон дар соли 2012-умро ташхис накарда, онро ба ӯҳдаи президент Барак Обама вогузор намудааст.
Дар айни замон кумита 1 миллиард доллар кумак барои муборизаи ҳукумати Покистон бар зидди ошӯбгаронро тасвиб намуда, иброз доштааст, ки сармоя барои мубориза бо шабакаи Ҳаққонӣ, ал-Қоида ва дигар ва дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯй зери шароити муайян фароҳам оварда шавад.
Дар паи куштори пешвои шабакаи террористии ал-Қоида Усома бин Лодин дар Абботободи Покистон дар моҳи маи соли равон равобити ИМА ва Покистон ба сардӣ гаравидааст.
XS
SM
MD
LG