Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз пешвои калисои католики романӣ поп Бенедикти 16 барои аввалин бор бо сафари расмӣ ба зодгоҳаш Олмон сафар кард. Пешбинӣ мешавад, ки дар ҷараёни боздиди чоррӯза поп бо паёме ба вакилони парламенти Олмон муроҷиат намуда, дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Берлин ибодати дастаҷамъӣ барпо хоҳад кард.
Ҳамчунон Бенедикти 16, ки номи аслии ӯ Йозеф Ратсингер мебошад, аз манотиқи шарқии Олмон, ки дар гузашта зери ҳукми коммунистон будааст ва ҷануби Бавария боздид ба амал меорад.
Эълон шудааст, ки дар ин рӯзҳо дар гӯшаҳои мухталифи Олмон гирдиҳамоиҳои эътирозӣ бо тақозои иҷозати оиладоршавӣ барои роҳибон, боло бурдани нақши зан дар калисо ва кумак ба қурбониҳои бадрафтории ҷинсии роҳибон барпо шаванд.
Баъзе вакилони парламенти Олмон таҳдид кардаанд, ки суханронии поп дар Бундестаг-маҷлиси поёнии парламенти ин кишварро бойкот хоҳанд кард. Солҳои ахир дар Олмон шумораи пайравони калисои католики романӣ коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG