Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷои Отахон Латифӣ холист, ки холӣ...


Отахон Латифӣ, Теҳрон, соли 1996.

Отахон Латифӣ, Теҳрон, соли 1996.

Симои Тоҷикистон дар матбуоти Русия нишон медиҳад, ки ниёз ба журналисте монанди ӯ имрӯз шадидан эҳсос мешавад.

Расонаҳои ахбори оми Русия ва ҷаҳон дар Тоҷикистон хабарнигорони доимӣ ва шинохташуда надоранд ва аз Тоҷикистон барои онҳо низ шахсоне наменависанд, ки таҳаввулоти ин кишварро ба гунаи дурусту комил бозтоб диҳанд.

Агар Отахон Латифӣ зинда мебуд, ҳаргиз
Отахон Латифӣ яке аз хабарнигорони дурахшонтарин ва худвижаи мост. Вай аз мағзи мардуми худ берун омада буд ва бо обу ғизои хоки ватани хеш ба камол расида...

даст аз навиштан барнамедошт ва бо он таҷрибаву маҳорати хоси худ ба зуҳури чунин холигоҳ имкон намедод. Вай дар ҳама ҳолат, чӣ дар давраи иқомат дар Эрон ё Русия ва чӣ дар ҷараёни гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон журналист боқӣ монда буд. Навиштаҳои вай дар расонаҳои гуногун ба табъ мерасид ва чанде аз мақолаҳои номатбӯи ӯро ҳамсараш Манзура Ёқубова пас аз куштори Латифӣ дар 22-юми сентябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе дар ду китоби хотираҳо мунташир кард.

Эҳтироме, ки дар расонаҳои ҳамагонии Русия дар давраи Шӯравӣ ба Тоҷикистон, мардум, фарҳанг ва таърихи он гузошта мешуд, танҳо натиҷаи низоми мавҷуда набуд, агарчӣ он низ аҳолиро ба шиори “дӯстии халқҳо” мутақоид мекард. Бахши умдаи чунин арҷу эҳтиромро беҳтарин корнома ва дастоварди қавму миллатҳои Шӯравӣ ба вуҷуд овардаву пайваста таҳким мебахшид ва инъикоси онҳо ба расонаҳои ахбори ом, дақиқтараш хабарнигорони алоҳида низ бастагӣ дошт.

Ҳамон гуна ки хонандагон дар Тоҷикистон таҳаввулоти Гурҷистони Шӯравиро аз навиштаҳои Лебанидзе, яъне аз нигоҳи ӯ медиданд, гурҷиҳо Тоҷикистонро аз зовияи Латифӣ медиданду дарк мекарданд.

Яке аз яке аз ҳамкорони Латифӣ дар рӯзномаи “Правда”, С. Зориян ҳанӯз ҳамон вақтҳо навиштааст: “Отахон Латифӣ яке аз хабарнигорони дурахшонтарин ва худвижаи мост. Вай аз мағзи мардуми худ берун омада буд ва бо обу ғизои хоки ватани хеш ба камол расида. Вай таъриху фарҳанги Тоҷикистон, эҷодиёти мардумӣ ва расму ойини тоҷиконро бо ҳама ҷузъиёташ медонанд. Ин дониш мавзӯъ ва муваффақияти беҳтарин корҳои соли 1970-и ӯро таъмин кард.”

Дарвоқеъ, Латифӣ дар он даврае, ки талош мешуд, ҳама ба як сабки ягонаи ҳизбӣ, хушку расмӣ ва зоҳирпарастонаву шиоргуна нависанд, ба тарзи тамоман дигар менавишт ва дар “ҳизбитарин”, ба истилоҳ, мавзӯъ ё ҳатто масъалаи амиқан иқтисодӣ рӯҳу равони мардуми хеш, таъриху фолклор ва одату оини онро инъикос мекард. Ин вижагиҳои тоҷикии кори журналистии ӯ дар ҳар ҷои навиштаҳояш монанди порчаҳои зар медурахшанд ва имрӯз ҳам матолиби ӯ бо шавқи зиёд хонда мешаванд.

Зоҳиран, муаррифии эҳтиромбарангези мардуми худ дар ҳар мақолаи хурду бузург ё ба таври худҷӯш дар корҳои Латифӣ буруз кардааст ва ё мумкин аст, яке аз вазифаҳои донистакорона баргузидаи ӯ будааст. Дар ин навиштаҳо садҳо калимаву мафҳуми тоҷикиро мехонем, ки аз тарафи муаллиф иҷмолан ташреҳ шудаанд ва хонандаро ба олами ботинии тоҷикон ошнко кардаанд. Дар ҷое агар вай маънии калимаи “Помир”-ро бе заботарин шева шарҳ диҳад, дар ҷои дигар “шаҳ” унвон шудани домод ва чӣ гуна баланд будани ҷойгоҳи ӯро меорад. Агар дар ҷое осмони пурситораро ба сӯзании тоҷикӣ ташбеҳ додаву чӣ будани сӯзан ва сӯзаниро тафсир кунад, дар ҷои дигар номи сардори истгоҳи ҳавошиносӣ -- Мирзоолимро ҳангоми сабти маълумоти обу ҳаво ба русӣ баргардон мекунад ва мегӯяд “Мирзо”, яъне дабир, муншӣ, котиб.

Қариб дар тамоми мақолаҳо ӯ, вақте ҳис мекунад, ки хонанда аз иттилои хушк ё силсилаи арқом хаста шуд, манзаранигорие пеш меояд, ки як гӯшаи Тоҷикистонро ба беҳтарин рангомезиҳо тасвир мекунад. “Найзаҳои хуршед ба тӯдаҳои барф халидаанд.” “Меваҳои тилоӣ дар шохсори зардолуҳо ҳамеланд.” “Аз равзан нур поин меояд ва дуд боло меравад.” “Шаби моҳтобӣ фурсате хубе барои тамошои рӯди Ғунд ва ошиқ шудан ба Хоруғ аст.” “Ҳарчанд чойхона “Чорбед” ном дорад, атрофи он пур аз дарахти бед аст ва ин дарахт дар Тоҷикистон ҳашт навъ дорад.” “Ҳар санг дар кӯҳҳои тоҷик мисли порчаи дил аст.” “Даште беканоре монанди шеър”. “Сохтани сарбанд мисли эҷоди ғазал аст”.

Отахон Латифӣ дар солҳои кораш ба ҳайси хабарнигори "Комсомолская правда" дар Осиёи Марказӣ ва "Правда" дар Тоҷикистон ба ҳамаи гӯшаву канори ватанаш сафар карда, ҳар яке аз ин манотиқро бо беҳтарин шева ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Як хонандаи "Правда" навишта буд, ки бо мақолаҳои Латифӣ гӯё ба хонаи тоҷикон меҳмон мешавад, онҳоро аз наздик мебинад ва дӯст медорад.

Вай агар аз дастоварди ин ё он фарзанди Тоҷикистон менавишт, решаҳои комёбиро на дар сиёсати оқилонаи Ҳизби коммунист, балки таъриху фарҳанги бостонии мардум меҷуст. Мақолаҳояш дар бораи сохтмону меъморӣ, обёрӣ, боғдорӣ, парвариши пилла ва тавлиди абрешим, илм, кӯҳнавардӣ ва риштаҳои дигар ҳамин гунаанд. Дар мусоҳибааш бо раққосаи машҳури балет Малика Собирова, ҳанӯз қабл аз он ки Малика унвони Ҳунарпешаи мардумии СССР-ро гирад, аз рақси тоҷикӣ ёд ва аз ғазали Бедил иқтибос мешавад.

Ҳамин гуна мақолу зарбулмасал ва андарзу ривоятҳои зиёде дар мақолаҳои Латифӣ ҷои муносибе ёфтаанд, ки на танҳо ба ҳалли мавзӯъ кӯмак мекунанд, балки муҳити зиндагӣ ва фалсафаи ҳаёти мардуми тоҷикро бозгӯ мекунанд. “Дӯстам ба ман занг зад”, “ман кӯҳистонро дӯст медорам”, “ин лаҳза модарам ба ёдам расид,” – аз номи худ ҳарф задан, тасвири ҳолати равонии хеш ва навиштаи рӯйдоду хотираҳои шахсӣ дар матбуоти вақт мамнӯъ буд ва метавон танҳо изҳори ҳайрат кард, ки чӣ гуна ба Латифӣ даст медод, дар солҳои 1970 ё 80-ум ин навиштаҳоро нашр кунад. Шояд барои он ки ҳамаи чиз дар мақолаҳои ӯ ҷои муносиби худро меёфт ва матлаб ончунон маҳкаму рехта меомад, ки муҳаррирон наметавонистанд, порчаеро аз он кӯтоҳ кунанд.

Рӯзномаи “Правда”-ро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ миллионҳо нафар мехонданд ва табъан матлаб дар пайи матлаб, аз рӯи навиштаҳои Отахон Латифӣ ба тоҷикон эҳтиром пайдо мекарданд ва Тоҷикистонро мисли ӯ дӯст медоштанд. Албатта, на як ҷамъоварии ҷузъиёти зебо ё рангини тоҷикӣ комёбии касбии ӯро ба миён меовард, балки пеш аз ҳама мантиқи қавӣ, далелу буҳрон ва қиёси андешаву ақидаҳои гуногуни мусбату манфӣ, пояи қавии натиҷагириҳо ва монанди ин. Навиштаҳои ӯ дарвоқеъ олимона буданд. Аммо ҳамзамон хеле тоҷикона. Яъне ҳамчун муаррифии тоҷикон аз забони як муаллифи тоҷик, ки насаби фарқкунанда ва хотирмони тоҷикӣ низ дошт – Латифӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG