Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кушта ва шаст маҷрӯҳ дар Доғистон


Шаби гузашта дар ҷумҳурии Доғистони Русия бар асари ду таркиш дар назди идораи минтақавии полис як афсари полис кушта ва камаш 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Мансабдорони вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, таркишҳо дар шаҳри Махачқалъа дар масофаи 40 метр аз ҳамдигар ба вуқӯъ пайвастаанд.Таркиши аввал хурд буда, касеро маҷрӯҳ накард. Вале баъд аз он мошине бо тахминан 40 килограмм маводи тарканда мунфаҷир шуд. Ба қавли мақомот аз миёни маҷрӯҳон 44 нафар афсари полис ва боқимонда афроди мулкӣ мебошанд.
Имрӯз ҳамчунон дар шаҳри Буйнакск афроди мусаллаҳ мошини раиси полиси муҳаллиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Раиси полис ҷон ба саломат бурд, вале ду муҳофизаш кушта шуданд.
Дар Доғистон тақрибан ҳар рӯз ҳамлаҳои мусаллаҳона ва бомбгузориҳо ба қайд гирифта мешаванд. Мақомот одатан гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ ва ифротгароҳои исломии марбут бо ҷудоихоҳони чеченро масъули ин ҳамлаҳо меноманд.
XS
SM
MD
LG