Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният қатли Раббониро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ қатли раҳбари собиқи Афғонистон ва раиси Шӯрои олии сулҳи он кишвар Бурҳонуддин Раббониро “амали террористӣ” номида, маҳкум кард. Раббонӣ рӯзи сешанбе бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Ҳамлагар бомбро дар саллааш пинҳон карда буд. Чанд ҳазор нафар дирӯз дар Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, ки зодгоҳи Раббонист, раҳпаймоӣ карда, гуфтаанд, агар давлат чирикиҳоро фурӯ нанишонад, онҳо худ интиқоми Раббониро хоҳанд гирифт. Дар Афғонистон ба ёди ӯ 3 рӯзи азои саросарӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG