Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев хостори таҳияи Паймони иттилоотӣ шуд


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба хотири муқобила ба ҳамалоти афзояндаи ҳакерҳо алайҳи давлатҳову ширкатҳо ва ниҳодҳои дигар хостори таҳияи “заминаҳои байналмилалии ҳуқуқии фазои иттилооти ҷаҳонӣ” шуд. Назарбоев дар иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк аз ин изҳори нигаронӣ кард, ки “ягон паймони байналмилалие нест, ки равандҳои иттилоотиро идора кунад.” Назарбоев ҳамчунин бори дигар ба аҳамияти гуфтугӯи бештар байни ҷаҳони Ислом ва Ғарб таъкид кард.
XS
SM
MD
LG