Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юнон миёнашро боз ҳам сахттар мебандад


Вазири молияи Юнон Эвангелос Венизелос

Вазири молияи Юнон Эвангелос Венизелос

Давлати Юнон барои дарёфти бастаи нави ёриҳои молӣ ба хотири наҷот аз вартаи расвоӣ тадобири боз ҳам шадидтаре рӯи даст мегирад. Давлат дирӯз розӣ шуд, то даҳҳо ҳазор ходими давлатиро ихтисор ва андози молумулкро баръакс тамдид кунад ва нафақаҳоро низ бизанад. Ин тасмим баъди ду рӯзи музокироти сангин бо Сандуқи байналмилалии пул ва мақомоти ИА эълон шуд. Ҳадафи Афина дарёфти 8 миллиард доллар бастаи нави кумакҳост, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои молии давлат, аз ҷумла барои пардохтани маошу нафақаи мардум сахт лозим аст. Иттифоқҳои касаба дар посух ба тасмими ахир ҳамаро ба корпартоӣ дар моҳи октябр даъват карданд.
XS
SM
MD
LG