Пайвандҳои дастрасӣ

Обама фаластиниҳоро ба музокирот даъват кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар боз як талоши дигар барои ҷилгавгирӣ аз эътирофи расмии давлати Фаластин дар СММ бори дигар аз раҳбарони фаластинӣ даъват кард, то роҳи муомила бо Исроилро биҷӯянд. Обама дар Маҷмаъи умумии СММ гуфт, давлати мустақили Фаластин бояд тавассути музокироти мустақим бо Исроил рӯи кор биояд. Раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос қасд дорад эътирофи расмии Фаластинро рӯзи ҷумъа аз СММ расман дархост кунад. Амрико шадидан мухолифи чунин иқдом буда, мегӯяд, аз ҳаққи ветои худ ба ҳайси узви доимии Шӯрои Амният истифода хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG