Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаттал ва Бауэр ба Уммон расиданд


Ҷош Фаттал ва Шон Бауэр - ҳарду амрикоии аз зиндони Эрон раҳоёфта дар Уммон ба дидори наздикони худ расиданд. Фаттал ба муҷарради расиданаш ба Уммон гуфт: “Мо чунон хушбахтем, ки озодем ва чунон ором, ки озод шудем. Сипоси фаровон ба ҷаноби олӣ Султони Уммон Қобус, ки ба раҳоии мо ноил шуд.”
Ҷош Фаттал ва Шон Бауэр ҳамроҳ бо Сара Шоурд ҳанӯз моҳи июли соли 2009 вақте боздошт шуданд, ки ҳангоми кӯҳнавардӣ дар Курдистони Ироқ аз марзи Эрон убур карданд. Шоурд як сол пеш дар ивази ним миллион доллар васиқа раҳо ёфт. Барои раҳоии Бауэр ва Фаттал низ 1 миллион доллар васиқа пардохт шудааст.
XS
SM
MD
LG