Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармурабии "Истиқлол" истеъфо дод


Олимҷон Рафиқов ва сарпарасти "Истиқлол" Рустами Эмомалӣ (Акс аз бойгонӣ)
Олимҷон Рафиқов ва сарпарасти "Истиқлол" Рустами Эмомалӣ (Акс аз бойгонӣ)
Сармураббии тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе баъд аз нокомии тимаш дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми раиси Иттиҳодияи футболи Осиё дар Тайван гуфт, истеъфо медиҳад. Олимҷон Рафиқов ҳунарнамоии “Истиқлол”-ро дар ин мусобиқот ғайриқаноатбахш номид ва гуфт, масъулияти нокомиро ӯ ба дӯши худ мегирад ва меравад.
“Истиқлол”, ки муассисаш Рустами Эмомалӣ – писари президенти Тоҷикистон аст, баъди бохт аз “Тайван Пауэр Кампанӣ” бозии дуввумаш бо “Балкан” аз Туркманистонро 1:1 мусовӣ анҷом дод, вале аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раиси AFC маҳрум шуд.
Ҷоми раиси AFC барои кишварҳои аз нигоҳи футбол заифест, ки тимҳояшон ба мусобиқоти асосии футболи қора роҳ намеёбанд.
XS
SM
MD
LG