Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи фишор алайҳи Стан-ТВ дар Қазоқистон


Хабарнигорони телевизиони интернетии Стан-ТВ мегӯянд, таҳти фишори Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон қарор доранд. Шерниёз Чағатой гуфт, маъмурони амниятӣ ӯро ҳатто дар бемористон ором нагузошта, аз вай тақозои ҳамкорӣ кардаанд. Мақомоти амниятӣ аз як хабарнигори вилоятии Стан-ТВ низ тақозо кардаанд, то ҳамкориро бо ин шабакаи мустақил бас кунад. Стан-ТВ аз сӯи соҳибкори фирории қазоқ Мухтор Аблиёзов ташкил шуда, тавассути Интернет дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ барнома пахш мекунад. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Алма-Ато антеннаҳои насбшуда дар боми дафтари Стан-ТВ дар ин шаҳрро ба саломати сокинони атроф хатарнок донист ва ба барчидани ин антенаҳо ҳукм кард.
XS
SM
MD
LG