Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси як маркази вижаи ташхиси аҷсод дар Ироқ


Вазорати ҳуқуқи башари Ироқ ҷиҳати таъсиси марказе тасмим гирифт, ки машғули ташхиси ҳуввияти ҳазорон аҷсоди кашфшуда аз қабрҳои дастаҷамъии бозмонда аз даврони Саддом Ҳусейн хоҳад шуд. Сухангӯи ин вазорат Комил Амин гуфт, ин тарҳи бузург ба ҳимояти давлат ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳамчунин ба омӯхтани таҷрубаи кишварҳои ҷангдидае, чун Босния, ниёз дорад. Режими Саддом Ҳусейн бо боздошту шиканҷа ва қатлу дафни худсаронаи мухолифинаш шӯҳрат дошт. Шоҳидон мегӯянд, бархеро, бахусус баъди ошӯби соли 1991, ҳатто зинда гӯр мекарданд.
Бино ба ҳисобҳо, дар пайи суқути режими Саддом Ҳусейн дар соли 2003 аз қабрҳои дастаҷамъӣ беш аз 100 000 ҷасад берун кашида шуд. Ҳуввияти ҳазорон ҷасад то ҳанӯз ташхис нашудааст.
XS
SM
MD
LG