Пайвандҳои дастрасӣ

Айбдоркунанда дар додгоҳи хабарнигори ББС Урунбой Усмонов барои ӯ аз қозӣ 5 сол ҳукми зиндон ва раҳоии баъдии ӯ бар асоси қонуни афвро тақозо кардааст. Аммо вакилони мудофеъи Усмонов ба бегуноҳии ӯ исрор варзида, аз қозӣ хостаанд, то Усмоновро сафед кунад. Урунбой Усмонов, ки барои бахши узбакии ББС аз вилояти Суғд гузориш медод, рӯзи 13 июн бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби манъшудаи Таҳрир боздошт шуд. Ӯро баъди як моҳ таҳти фишори байналмилалӣ шартан раҳо карда, иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрирро низ аз айбномааш ҳазф карданд, вале Усмонов акнун ба он айбдор мешавад, ки дар бораи фаъолиятҳои ин созмон ба мақомот хабар надодааст. Худи ӯ мегӯяд, вазифаи касбии хабарнигориашро иҷро мекард.
XS
SM
MD
LG