Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори IMF аз вазъи "осебпазири" низоми молӣ


Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, низоми молии ҷаҳон назар ба вазъе, ки баъди бӯҳрони молии соли 2008 дошт, осебпазиртар шудааст. Дар як гузориши тоза доир ба авзоъи молии ҷаҳон, Сандуқи Байналмилалии Пул ҳамчунин гуфт, “фурсат барои ҳалли ин мушкил дар ҳоли тамом шудан аст”, ки ин хатаре барои низоми бонкӣ ва эҳёи иқтисоди ҷаҳонист. Ин муассисаи байналмилалии молӣ, меафзояд, баъзе аз бонкҳои аврупоӣ бисёр заъиф шудаанд ва мӯҳтоҷи кӯмакҳои молии фаврӣ мебошанд. Рӯзи сешанбе Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, иқтисоди Аврупо, Амрико ва Ҷопон назар ба пешбиниҳои пештар, шоҳиди рушди камтар хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG