Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармуррабии «Истиқлол» истеъфо медиҳад


Олимҷон Рафиков бохтҳои ахири дастаи «Истиқлол»-ро дар сабқат барои Ҷоми раиси AFC ҷурми худ номид.

Ин нуктаро Рафиков рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми сентябр дар нишасти хабарие пас аз бозии дастаи «Истиқлол» дар даври дувуми мубориза барои Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё дар Тайван баён дошт. Дар ин давр «Истиқлол» бо бо тими «Балкан»-и Туркманистон якранг бозид ва анҷоми сабқат бо ҳисоби 1:1 онро аз ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ маҳрум кард.

Ҷаноби Рафиков гуфт: «Бозии мо дар сабқати Ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё ғайриқаноатбахш буд ва масъулияти он пеш аз ҳама бар дӯши ман, сармураббии даста аст. Барор танҳо насиби қавитаринҳо мешавад. Дар футбол кори онҳое барор мегирад, ки тартибу интизоми қавӣ доранд. Пас, кори ман дар куҷое мукаммал набуд ва ман натавонистам, бозигарони худро ба мубориза омода кунам.»

Бино бар хабари торнамои дастаи «Истиқлол», сармуррабии даста Олимҷон Рафиков пас аз ин суханон гуфтааст, ки пас аз ин бозӣ вай тасмими худро гирифтааст. «Ман аз мақоми сармуррабии дастаи «Истиқлол» истеъфо медиҳам.»

Ин дар ҳоле буд, ки дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони тоҷик пайваста ҳуҷум мекарданд, вале маҳорати баланди дарвозабони “Балкан” Никита Горбунов ба онҳо имкон намедод, ки тӯбро вориди дарвоза кунанд.

Ҳамзамон торнамои дастаи «Истиқлол» хабар додааст, ки назари раҳбарони даста ба ин тасмими сармураббӣ ҳанӯз маълум нашудааст.

Олимҷон Рафиков, собиқадори футболи тоҷик ва яке аз дастпараврони дастаи миллии «Помир» ахиран ҳамчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар кӯтоҳтарин фурсат ба бозӣ бо тими Узбакистон ва Кореяи Шимолӣ омода кард, ки ҳарду бозиро дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби камтарини 0:1 бохт. Аммо мухлисон ва мутахассисони футбол ин бохтҳоро табиӣ ва пешгуишаванда номида, аз маҳорати тренерии Рафиков ситоиш карда буданд.
XS
SM
MD
LG