Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Кӣ Мун хостори поёни бунбаст дар Ховари Миёна шуд


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостори талошҳои нави байналмилалӣ барои хотима додан ба бунбаст дар музокироти сулҳи Ховари Миёна шуд. Бан Кӣ Мун, дар ин бора дар оғози нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал сухан гуфт, ки фаластиниён аз он мехоҳанд, Фаластинро ба ҳайси кишвари мустақил ба расмият бишиносад: "Мо бояд аз бунбаст дар Ховари Миёна раҳо шавем. Мо аз дер боз мувофиқем, ки фаластиниён сазовори доштани кишвар ҳастанд. Исроил ба амният ниёз дорад. Ҳарду сулҳ мехоҳанд. Мо бояд тамоми кӯшиши худро кунем, то роҳи ҳалл аз тариқи музокирот ба даст ояд." Қарор аст, имрӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико доир ба талошҳо барои пазируфтани Фаластин ба ҳайси кишвари мустақил бо Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтӯгу кунад. Амрикову Исроил саъй доранд, то фаластиниён аз ин роҳашон баргарданд ва музокироти сулҳ бо Исроилро аз сар бигиранд. Қарор аст, Маҳмуд Аббос рӯзи ҷумъа аз Маҷмаъи умумии Созмони Милал бихоҳад, то Фаластинро ба ҳайси кишвари мустақил ба расмият бишиносад. Айни замон ҳазорон фаластинӣ имрӯз дар Канораи Ғарб бо талаби эътирофи Фаластин ба ҳайси узви комилҳуқуқ ва 194-уми Созмони Милал раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG